Як марди лаҳистонӣ собит кард, ки почтаи кишвараш ҳатто сусттар аз як тухмшуллук кор мекардааст. Нашрияи "Gazeta Wyborcza" мегӯяд, ки Михал Тсубалски рӯзи 3 январ номаеро дарёфт кард, ки он 20 декабр барояш фиристода шудааст. Дар пайи ин, баъди ҳисобу китоби муфассал, вай муайян кард, ки суръати нома дар як соат масофаи 0.03775 километрро тай мекардааст, дар ҳоле, ки тухмшуллук дар як соат 0.048 километр масофаро пушти сар мекардааст.