Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Покистон роҷеъ ба натиҷаҳои амалиёти Вазиристон

Низомиёни покистонӣ гуфтанд, ки дар натиҷаи чандин амалиёте дар минтақаи марзии Покистону Афғонистон 40 ҷангӣ кушта шуда 30 тани дигар боздошт гардиданд. Артиш инчунин гуфт, ки 8 сарбози покистонӣ дар ҷараёни рӯёрӯиҳо кушта шуданд. Низомиён гуфтанд, ки барои анҷоми амалиёте дар Вазиристони Ҷанубӣ нирӯҳои мусаллаҳ бо тӯпхонаву чархболҳо сафарбар шуданд. Дар натиҷаи амалиёт, тибқи гузориши артиши Покистон, се минтақа аз ҷангиён ва тарафдорони онҳо, ки дар ин маҳалҳо панаҳ бурда буданд, поккорӣ шудааст. Ҳанӯз ин маълумотро манобеи мустақил таъйид намекунанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Тоҷикистон 53 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки дар шабонарӯзи гузашта 53 ҳолати гирифторӣ ба бемории COVID-19-ро сабт кардаанд.

Рӯзи 2-юми июл Вазорати тандурустӣ гуфт, дар шабонарӯзи гузашта танҳо 53 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19-ро сабт кардааст. Шумори умумии беморон дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ ба 6058 нафар расида, 77 дарсади онҳо шифо ёфтаанд.

Теъдоди қурбониён 52 нафар мебошад.Бори охир мақомот рӯзи 20-уми июн дар бораи фавти шахси мубтало ба COVID-19 дода буданд. Дар феҳрасти ғайрирасмӣ то 14-ми июн номи беш аз 430 қурбонии эҳтимолии коронавируси навро навиштаанд.

Дар ҳоле, ки кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аз афзоиши босуръати сироятёбӣ ба коронавируси нав хабар медиҳанд, дар Тоҷикистон ин раванд ба қавли мақомот баръакс аст. Аз ҷумла давоми як рӯзи ахир дар Қирғизистон 526 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст, ки баландтарин нишондод шумурда мешавад. Дар Қазоқистон ҳам аз ҳафтаи оянда, чорабиниҳои оммавӣ ва гаштугузори беш аз се нафар дар кӯчаву боғҳо манъ мешавад.

Ҷузъиёти суҳбати Майк Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ

Майк Помпео бо вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Муовини ёвари Вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ дар як гуфтугӯи онлайнӣ ҷузъиёти ҷаласаи навбатии гуруҳи мавсум ба С5+1-ро шарҳ дод. Ҷонатан Ҳеник гуфт, Майк Помпео бо вазирони корҳои хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар мавзӯи мубориза бо COVID-19, рушди иқтисод ва савдо ва амнияти минтақавӣ суҳбат кардаанд.

Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (С5+1) рӯзи 30-юми июн онлайнӣ баргузор шуд. Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии ИМА - Майк Помпео, Қазоқистон - Мухтор Тлеуберд, Тоҷикистон - Сироҷиддин Муҳриддин, Қирғизистон - Чингиз Айдарбеков, Узбекистон - Абдулазиз Комилов ва Туркманистон - Рашид Мередов иштирок карданд.

Ҷаласаи рӯзи 30-юми июн нахустин гуфтугӯи оқои Помпео ва вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна дар қолаби С5+1 пас аз мулоқоти моҳи феврали онҳо дар Тошканд буд.

Ҷонатан Ҳеник, муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар як гуфтугӯи онлайнӣ рӯзи 1-уми июл гуфт, оқои Помпео ба пуштибонии Амрико аз истиқлол, ҳокимият ва тамомияти арзии кишварҳои ОМ таъкид карда ва гуфтааст, ки ин асоси стратегияи кишвараш дар ин минтақа мебошад. Ба гуфтаи ин дипломати амрикоӣ, Майк Помпео ҳамвора таъкид кардааст, ки Амрико ба субот, пешрафт ва амнияти Осиёи Миёна алоқа дорад.

Ӯ гуфт, сиёсати кишвараш ин будааст, ки итминон ҳосил шавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар интихоби манфиатҳои миллии худ озод ҳастанд ва дар тиҷорат, рушд ва муваффақият вобастаи ҳеҷ кишваре набошанд.

"Мо барои Осиёи Марказии пешрафта ва ниҳоят амн, ки ин кишварҳо, Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ фоида барад, кор мекунем,"-гуфт Ҷонатан Ҳеник.

Ба гуфтаи оқои Ҳеник, яке аз мавзуъҳои меҳварии гуфтугӯи рӯзи сешанбе, пандемияи COVID-19 ва таъсири он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ буд. Амрико то ба ҳол барои кишварҳои шарики худ дар минтақа барои пешгирӣ ва назорати ин беморӣ 25 миллион доллар кӯмак кардааст.

Ба иловаи ин, ба унвони саҳмдори пештоз дар ҷаҳон -- дар Сандуқи байналмилалии пул, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Амрико нақши муҳиме дар таҳияи наздик ба 3 миллиард доллар дар кумаки вокунишии COVID-19 ба кишварҳои Осиёи Миёна доштааст.

Масъалаи дигари меҳварии гуфтугӯи Помпео бо ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ тақвият ва устувории иқтисодӣ будааст.

Ба гуфтаи Ҷонатан Ҳеник, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба дунболи ислоҳоти сохторӣ ва дарозмуддат бошанд, ки битавонад суботи сиёсии пойдор, дарозмуддат ва рушди иқтисодиро барои мардум тазмин кунад.

Дар музокироти вазирони умури хориҷии Амрико ва Осиёи Марказӣ субот дар минтақа ба шумули раванди сулҳ дар Афғонистон баҳс шудааст.

"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин бовар аст, ки як Афғонистон босубот ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта барои сулҳ ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бисёр муҳим аст",-гуфт ӯ. "Мо аз ҳамкорӣ ва кӯмакҳои шарикони худ дар С5+1 қадрдонӣ мекунем ва бо ин ҳадафи муштарак талош мекунем",-афзуд вай.

Вохӯрии гуруҳи мавсум ба "С5+1" аз соли 2015 баргузор мешавад. Аз он сол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чаҳорчӯбаи нави ҳамкориро барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ муқаррар кардаанд.

Сафири ИМА аз эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи Гурҷистон ҳушдор дод

Сафири ИМА дар Тифлис Келли Дегнан

Сафири ИМА дар Тифлис Келли Дегнан Гурҷистонро аз эҳтимоли мудохилаи Русия ба интихоботи парлумонии қарибулвуқӯи ин кишвар ҳушдор дод. Дегнан, ки рӯзи 1 июл дар Пажӯҳишгоҳи умури сиёсӣ дар Гурҷистон суханронӣ мекард, гуфт: “Мо мебинем, ки чӣ гуна хабарҳои дурӯғини Русия фаъол ва эҷодкор ҳастанд ва ба бисёр интихоботҳо дахолат мекунанд ва Гурҷистон як ҳадафи воқеӣ аст”.

Ӯ дар идома гуфт: “ИМА, Бритониё ва дигар дӯстони Гурҷистон ба ҷомеа кӯмак мекунанд, ки хабари воқеиро аз дурӯғин фарқ кунанд, матбуотро хондаву мешунаванд ва иттилое, ки онҳо дарёфт мекунанд, дақиқ карда дуруст арзёбӣ бикунанд”. Келли Дегнан гуфт, бо ин ки “далели мушаххасе надорад, фикр мекунам эҳтимоли зиёд аст, ки Русия ба интихоботи Гурҷистон дахолат хоҳад кард”.

Дегнан ба ҳамлаҳои азими рахнагарон ишора кард, ки октябри соли 2019 ду ҳазор вебсайти интернетии Гурҷистонро ҳадаф қарор доданд.

Нурсултон Назарбоев аз коронавирус шифо ёфт

10 марти соли 2020. Нурсултон Назарбоев ба Маскав барои мулоқот бо Владимир Путин рафта буд

Собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки ҳатто баъди тарки мақом карданаш дар соли гузашта дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебошад, тибқи гузоришҳо аз бемории коронавирус шифо ёфтааст. Сухангӯи Назарбоев Айдос Укибай дар Твиттер навишт, ки рӯзи 2 июл тести озмоишии Назарбоев ба коронавирус манфӣ баромад. Чор рӯз баъд Назарбоев 80-сола мешавад.

Укибай навишт, ки мутобиқи машварати духтурон Нурсултон Назарбоев “ҳамоно дар инзиво мемонад, аз дур кор мекунад ва зуд-зуд барои нафаскашӣ ба ҳавои тоза мебарояд”.

Рӯзи таваллуди Назарбоев 6 июл дар Қазоқистон Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад, вале аксарият ин санаро ҳамчун зодрӯзи Назарбоев қабул мекунанд. Баъди 19 марти соли 2019 аз мақом рафтанаш Остона – пойтахти Қазоқистон ба Нурсултон табдили ном кард.

Вале соли ҷорӣ бо сабаби пандемияи коронавирус дар Қазоқистон баргузории маъракаҳои серҷамъият манъ аст ва дар паи ногаҳон боло рафтани оморҳои гирифторони нав, ду ҳафтаи иловагии карантин ҷорӣ шуд.

Назарбоев бори аввал рӯзи 18 июн хабар дод, ки ба коронавирус гирифтор шудааст.

Баъди сӣ соли дар қудрат буданаш хабари ногаҳон ба истеъфо рафтани Назарбоев порсол барои бисёриҳо ногаҳонӣ ва ғайриинтизорӣ буд. Вале ӯ мақомҳои раиси ҳизби ҳокими “Нуротан” ва раҳбарии Шӯрои амниятро ҳифз кардааст. Ӯ инчунин аз мақоми “элбосӣ” – падари миллат ҳам баҳра мебарад. Мунаққидон мегӯянд, ки дар асл Назарбоев раҳбарии кишвари 18-миллионнафариро аз роҳи раҳнамоии президент Қосимжомарт Тоқаев идома медиҳад.

Ихтиёриён барои беморхонаи Ванҷ мошини "Ёрии таъҷилӣ" хариданд

Гуруҳе аз зодагони ноҳияи Ванҷ дар як маъракаи хайриявӣ ба беморхонаи ин ноҳия нақлиёти "Ёрии таъҷилӣ" ва либосҳои муҳофизатӣ тақдим кардаанд.

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор ва аз созмондиҳандагони иқдом ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз зодагони ноҳияи Ванҷ даъват карданд, то ба беморхонаи ин ноҳия кӯмак кунанд.

Ба таъкиди Сулаймонӣ, дар як муддати кутоҳ ин иқдом ҳамовозии зиёд пайдо кард ва онҳо аз моҳи май то имрӯз ба беморхона ва бунгоҳҳои тиббии ноҳияи Ванҷ бештар аз 100 ҳазор сомонӣ кӯмак карданд.

Созмондиҳандагони ин иқдом гуфтанд, бо ин маблағ онҳо барои беморхонаи ноҳияи Ванҷ "Ёрии таъҷилӣ" ва доруҳои зарурӣ барои табобати коронавирус дастрас карданд.

Ин ягона иқдоми кӯмаки шаҳрвандон ба беморхона дар давраи пандемияи коронавирус нест. Қаблан дар шаҳри Хуҷанд ва Душанбе низ ихтиёриён ба беморхона кӯмак карданд.

Дар шароите, ки шикоятҳо аз камбуди маводи лозим дар беморхона зиёд садо медиҳад, кӯмаки мардум хеле зарурӣ гуфта мешавад.

Таҷаммуи ҳомиёни ҳуқуқи Узбекистон бо талаби таҳқиқи марги корманди "UzAutoMotors"

Фаъолони Эътилофи ҳомии ҳуқуқи Узбекистон рӯзи 29-уми июн бо талаби таҳқиқи марги корманди корхонаи мошинсозии шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон таҷаммуеро баргузор карданд.

А.С., корманди 53-солаи корхонаи "UzAutoMotors" дар натиҷаи кафидани кӯррӯда ва сари вақт дарёфт накардани ёрии тиббӣ ҷон бохтааст. Ба гуфтаи ҳамкорону наздикони мард, ӯ даҳ рӯз пеш аз фавт ба корфармо аз дарди шикам шикоят карда, хостааст, вайро ҷавоб диҳанд. Вале ба ӯ иҷозат надодаанд, ки маҳалли корро тарк кунад.

Ба иттилои эътилоф, дар таҷаммуи 29-уми июн дар назди корхонаи мазкур, ки ду соат идома ёфт, ҳудуди 50 кас иштирок доштанд.

Раиси эътилоф Елена Урлаева мегӯяд, кормандони корхонаро маҷбур мекардаанд, ки дар шароити "ғайриинсонӣ" кор кунанд.

"Бо баъзе аз кормандон суҳбат кардам. Онҳоро дар корхона маҳкам карда, 15 шабонарӯз кор мефармудаанд. Бар асоси қонунгузории Узбекистон, корманд дар як рӯз бояд 7 соат кор кунад. Вале кормандони корхона аз 12 то 15 соат кор мекунанд. Дар натиҷа як мард ҷон бохт", - афзуд ӯ.

Талошҳо барои дарёфти назари масъулони ​"UzAutoMotors" дар робита ба ин қазия бенатиҷа буданд. Аз рафти таҷаммуъ видеое низ дар интернет нашр шудааст, ки нишон медиҳад иштирокдорон мегӯянд, раҳбарияти корхона коргаронро ҳамчун маҳбус кор мефармояд.

Аз ҳафтаи оянда дар Қазоқистон карантини сахт ҷорӣ мешавад

Комиссияи ҳукуматии Қазоқистон нақшаи эъломи 14 рӯзи карантини сахт дар саросари ин кишварро аз 5-уми июл ба хотири беҳбуди вазъи эпидемиологӣ тасдиқ кард, ки манъи чорабиниҳои оммавӣ, гаштугузори беш аз се нафар дар кӯчаву боғҳоро пешбинӣ мекунад.

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой рӯзи 2-юми июл дар ҷаласаи ҳукумат ҷузъиёти нақшаро шарҳ дод.

Ҳамин тариқ дар Қазоқистон интиқоли заминии мусофирон ба шаҳру навоҳӣ манъ шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳо маҳдуд мешавад. Парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ бидуни афзоиши шумори кишварҳо идома хоҳанд ёфт.

Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин гуфт, ин карантин вобаста ба вазъи эпидемиологӣ тамдид ё сахттар карда хоҳад шуд.

Манъи фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхона, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳо, бозорҳои пӯшидаи ғизоиву ғайриғизоӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва иншоотҳои фарҳангӣ пешниҳод карда шудааст.

Корхонаҳо муваззаф шудаанд, ки дасти кам барои 80 дарсади кормандони худ фаъолияти фосилавиро ба роҳ монанд.

Шумори расмии умумии мубталоён ба коронавирус дар Қазоқистон то ба имрӯз ба 42,5 ҳазор расида, 188 кас ҷон бохтаанд.

Сабти шумори рекордии мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон

Сардори Идораи беҳдошти умумии Қирғизистон Айнура Акматова рӯзи 2-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, давоми як рӯзи ахир дар ин кишвар 526 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст, ки баландтарин нишондод шумурда мешавад.

Шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон то имрӯз ба 6261 расида, аз ин миён 2530 кас шифо ёфтанд ва 66 нафар ҷон бохтаанд.

Сарвазири Қирғизистон дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки ҳамарӯза шумори катҳоро барои қабули беморони мубтало ба коронавирус афзоиш диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир беш аз 500 кати иловагӣ барои қабули беморон омода шудааст.

Дар ҳукумати Қирғизистон гуфтанд, ки бо дастури сарвазир аз минтақаҳо табибони ихтиёрӣ ба шаҳри Бишкек даъват хоҳанд шуд. Ҳамчунин дастур шудааст, ки маош ва иловапулии табибон сари вақт пардохт шавад.

Дар Туркманистон ба хешовандони мухолифон фишор меоранд

Шаҳри Ишқобод

Дар Туркманистон наздикони муҳоҷиронро ба идораи пулис даъват карда, талаб мекунанд, ки пайвандонашон ба ҳаракатҳои мухолифон дар хориҷ аз ин кишвар напайванданд.

"Дар ноҳияи Марий намояндагони ҳукумат ба хонаи онҳое мераванд, ки наздиконашон дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ қарор доранд. Аз соҳибхона талаб мешавад, ки ҳамроҳи тамоми аъзои хонавода бо шиносномаҳои худ ба идораи пулис ҳозир шаванд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Марий.

Ба гуфтаи хабарнигор, мақомот тамоми онҳоеро ба қайд гирифтаанд, ки наздиконашон дар хориҷ аз Туркманистон қарор доранд.

"Афроде, ки бо сокинон суҳбат мекунанд, худро намояндагони ҳукумати ноҳия муаррифӣ менамоянд. Вале дар асл онҳо кормандони Вазорати амнияти миллии Туркманистонанд", - афзуд ӯ.

Маъмурони амниятӣ аз сокинон талаб мекунанд, ки фарзандон, хоҳар, бародар, волидони онҳо, ки дар хориҷ қарор доранд, ба ҳаракатҳои мухолифон напайванданд.

Талошҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ барои дарёфти назари масъулони ҳукумати Марий дар робита ба ин хабар бенатиҷа буданд.

Мақомоти туркман ин иқдомро баъди он рӯи даст гирифтанд, ки туркманистониҳои муқими кишварҳои хориҷ баргузории таҷаммуъҳои эътирозӣ зидди сиёсати пешгирифтаи ҳукумати президент Қурбонгулӣ Бредимуҳаммадовро оғоз карданд.​

Дар давоми моҳҳои ахир чунин таҷаммуи эътирозӣ дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Туркия, Қибриси Шимолӣ ва шаҳрҳои Вашингтон, Ню-Йорк ва Питсбург баргузор карда шуданд.

Эрон гуфт, дар муассисаи ҳастаии Натанз "ҳодисае" рух дод

Муассисаи ғанисозии урани Натанз

Эрон гуфт, ки дар яке аз муассисаҳои ҳастаии таҳти назари Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ “ҳодисае рух дод”, вале ҳеҷ чизе хароб нашудааст. Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯи созмони энержии ҳастаии Эрон гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи 2 июл дар муассисаи ҳастаии Натанз воқеъ дар Эрони марказӣ рух дод. Ӯ гуфт, ки “амбори саноатӣ”-и воқеъ дар ҳавлии муассиса осеб дид ва ҳеҷ таъсире ба сентрифугаҳои муассиса нарасонид. Дар гузашта ҳеҷ хабаре дар бораи эҳтимоли роҳандозӣ шудани корҳои сохтмонӣ дар Натанз набуд. Натанз маркази аслии ғанисозии уран дар Эрон буда, дар 250-километрии ҷануби Теҳрон ҷойгир аст. Дар ин муассиса зербиноҳое дар умқи 7,6 метр вуҷуд доранд, ки барои ҳимоят аз ҳамлаҳои ҳавоӣ сохта шудаанд. Камолвандӣ гуфт, ки ин ҳодиса ҳеҷ хисороте надошта ва ба фаъолиятҳои кунунии муассиса таъсире нарасонид”.

Бар асоси созиши ҳастаии соли 2015-и қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон, Натанз яке аз маконҳои мавриди назорати Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ (IAEA) мебошад. Президенти ИМА Доналд Трамп ба таври якҷониба моҳи маи соли 2018 аз ин созиш берун шуд. Бъди ин Эрон ҳама маҳдудиятҳоро аз байн бурд, вале ҳамоно нозирони IAEA-ро барои дидани муассиса роҳ медиҳад.



Пентагон: Толибон бо гурӯҳҳои марбут ба “Ал-Қоида” “равобити наздикро ҳифз кардааст”

Қароргоҳи Пентагон дар ИМА

Гузориши нави Пентагон мегӯяд, гурӯҳҳои марбут ба “Ал-Қоида”-и фаъол дар минтақа бо Толибон тамосҳои наздикро ҳифз кардаанд ва дар щамла ба нирӯҳои ИМА “манфиати қавӣ” доранд. Созиши моҳи феврали миёни ИМА ва Толибон аз ин гурӯҳи шӯришӣ тақозо мекунад, ки “Ал-Қоида” истифодаи қаламрави Афғонистонро барои анҷоми амалиёти харобкоронааш хотима диҳад. Вале дар гузорише, ки рӯзи 1 июл нашр шуд, вазорати дифоъ гуфт, ки ҷангҷӯёни Толибон ҳамкории худ бо Ал-Қоида дар нимқораи Ҳинд (AQIS)-ро идома медиҳанд. Гузориш мегӯяд: AQIS “ба хотири ба ҳам задани ҳукумати Афғонистон ва манфиати қавиаш барои ҳамла ба нирӯҳои ИМА ва ҳадафҳои ғарбӣ дар минтақа сатҳи поёни аъзои Толибонро пуштибонӣ ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунад”. Дар гузориш, ки ба номи Конгресс омода шудааст, аз “Ал-Қоида” иқтибос оварда мешавад, ки гурӯҳи минтақавии марбут ба он “ба Толибони маҳаллӣ дар анҷоми бархе ҳамлаҳо кӯмак кардааст”. Ин дар ҳолест, ки гузориши моҳи пеши СММ мегӯяд, “Ал-Қоида”-ву Толибон “ҳамоно наздик ва дӯст боқӣ мемонанд” ва ин муносиботи онҳо “бар пояи таърихи муштараки мубориза, якдилии идеологӣ ва ҳам издивоҷҳои байниҳамдигарӣ бунёд шудааст”.

Раиси Бонки марказии Украина гуфт, “таҳти фишори сиёсӣ” ба истеъфо меравад

Яков Смолий, раиси Бонки марказии Украина

Яков Смолий, раиси Бонки марказии Украина гуфт, ки “бо сабаби фишорҳои доимии сиёсӣ, ки бо салоҳиятҳои кории ӯ дар ихтилоф аст”, аз мақомаш канор меравад. Смолий рӯзи 1 июл дар Твиттераш навишт, ки номаи истеъфояшро ба президент Владимир Зеленский таслим кардааст. Ӯ дар номааш гуфтааст, “бигузор ин як ҳушдор ба талошҳои баҳам задани истиқлолияти кори Бонки марказӣ бошад”. Дафтари Зеленский бо нашри изҳороте гуфт, ки мустақилияти кори Бонки марказии Украина дар авлавият қарор мегирад ва бонку ҳукумат бояд иҷрои сиёсати оқилонаи пуливу молиро идома бидиҳанд. Дар соли 2016 ҳам раҳбарияти пешини Бонки марказӣ шикоят кард, ки дар қазияи давлатикунонии PrivatBank таҳти фишор қарор гирифта буд.

Смолий соли 2018 ба вазифаи раиси Бонки марказии Украина таъин шуд ва дар ин муддат тавонист дар миёни сармоягузорону сохторҳои бонуфузи молӣ ба хотири поин овардани сатҳи таваррум мавриди эътибор қарор бигирад. Дархости истеъфои Смолий дар ҳоле ирсол шудааст, ки Украина интизор дорад нишондодҳои иқтисодиаш дар шароити пандемияи коронавирус имсол 5 % коҳиш ёбад. Агар Зеленский истеъфри Смолийро қабул кунад, ин метавонад Украинаро аз қарзи 5 миллиарддолларии Сандуқи байналмилалии асъор бенасиб гардонад. Ин барномаро, ки ҳадафаш кӯмак ба иқтисоди осебдида аз коронавирус аст, моҳи гузашта тасдиқ карданд.

Марди қирғиз барои "дарси ибрат" ба ҳамсараш муҷозот шуд

Додгоҳи ноҳияи Сӯзаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон сокини маҳаллиеро, ки дар латтукӯби ҳамсари худ айбдор мешуд, ду сол ба назорати санҷишӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ озод кард.

Назорати санҷишӣ меъёри нав дар Кодекси ҷиноии Қирғизистон аст. Он барои айбдоршуда як қатор масъулиятҳоеро пешбинӣ мекунад, ки дар сурати иҷро нашудан маҳрум гаштан аз озодиро дар пай дорад.

12-уми июн дар Интернет видеое нашр шуд, ки дар ноҳияи Сӯзак сабт гаштааст. Дар он дида мешавад мард дар гардани ҳамсараш хишту чархҳои мошинро баста, ба сару рӯяш оби хунук мепошад. Мард ҳамаи инро ба навор гирифта, мегӯяд, ба занаш "дарси ибрат хоҳад шуд".

Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, ҳодиса 8-уми июни соли равон рух дода, ҷабрдида сокини 47-солаи маҳаллӣ мебошад, ки 11-уми июн зидди шавҳараш ба пулис шикоят кардааст. Раёсати пулиси Ҷалолобод рӯзи 15-уми июн гуфт, бо вуҷуди он ки зан шавҳарашро бахшид тафтишот зидди мард идома хоҳад ёфт.

Маҷлиси намояндагони ИМА дар посух ба қонуни амнияти Ҳонгконг тарҳе қабул кард

Саркӯби эътирозгарон дар Ҳонгконг. 1 июли соли 2020

Дар вокуниш ба қонуни нави амният дар Ҳонгконг Маҷлиси намояндагони ИМА тарҳеро қабул кард, ки таҳрими гурӯҳҳои баҳамзанандаи мухторияти Ҳонгконгро дар назар мегирад. Қонунгузории нав бонку тиҷоратҳои мақомдорони чиниро ҳадаф қарор медиҳад, ки дар иҷрои қонуни нав вазифадор ҳастанд. Инчунин қонун мақомоти коммунисти Чин – масъулони қабули қонун ва полисро ҳадаф қарор медиҳад, ки дар иҷрои он аз роҳи саркӯби эътирозгарон дар Ҳонгконг даст доранд. Бовар меравад, ки ин тадбирҳо рӯзи 2 июл дар Сенат баррасӣ ва қабул мешаванд. Раиси маҷлиси намояндагон Ненси Пелосӣ гуфт, ин санад “вокуниши зарурии сареъ” ба қабули қонуни амният дар Чин аст, ки ба гуфтаи ӯ, муқаррароти “як кишвар ва ду низом”-ро, ки Пекин риояи онро ваъда дода буд, нақз мекунад. Чунин муқаррарот баъди соли 1997 замони аз Бритониё ба Чин дода шудани Ҳонгконг ҷорӣ шуда буд. Қонунгузорон хостори посухи сангини Амрико ба нақзкунандаҳои ин низоми сиёсӣ дар Ҳонгконг шуданд.

Ҳушдори СҶТ дар бораи коронавирус дар ИМА

Табиб Фернанда Аррабал аз Сан-Паоло, Бразилия

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар як ҳушдораш аз суръати тунд ва бесобиқаи паҳншавии коронавирус дар ИМА хабар дода гуфтааст, ки ҳодисаҳои рӯзонаи олудашавӣ 1 июл аз 50 ҳазор ҳодиса гузашт. Дар ҳоле, ки мизони олудагии нави рӯзона дар ҷаҳон аз 160 ҳазор ҳолат бештар шудааст, танҳо 52 ҳазор ҳодисааш дар ИМА ба қайд гирифта шуд. Мавҷи нави вирус боис шуд, ки мақомоти ИМА амрҳои қаблан содиршуда дар заминаи сабуктар кардани тадбирҳо, мисли боз шудани тарабхонаву соҳилҳоро бекор мекунанд.

Шумори талафот бар асари COVID-19 дар ИМА дар як рӯзи 1 июл 700 нафарро ташкил дод ва дар маҷмӯъ ба 128 ҳазор нафар расид. Шумори умумии олудашудаҳо ба коронавирус дар ИМА аз 2,6 миллион нафар гузаштааст. Бразилия, ки кишвари дуюми осебдида аз вируси нав мебошад, рӯзи 1 июл 60 ҳазор ҳолати олудагии навро ба қайд гирифтааст. Вазорати беҳдошти Мексика дар бораи 28,5 ҳазор ҳолати марг хабар дод ва аз Испания пеш гузашт.

КМИ-и Русия: шумориши 100% баргаҳо анҷом шуд. 78% ҷонибдори тағйири конститутсия

Мақомот гуфтанд, ки ба ҷонибдории тағйироти конститутсионӣ дар Русия 78% овоз доданд

Комиссиюни марказии интихоботҳои Русия рӯзи 2 июл гуфт, баъди шумори 100% баргаҳо муайян шуд, ки 78 дарсади раъйдодаҳо тарафдори пешниҳоди президент Владимир Путин дар заминаи тағйироти конститутсионӣ будаанд. Каме бештар аз 21% гуфтанд, ки мухолифини тағйирот ҳастанд. Дар раъйпурӣ, ки бо сабаби пандемия ва роҳ надодан ба таҷаммӯи зиёди мардум аз 25 июн то 1 июл идома кард, 65% раъйдиҳандагон иштирок карданд.

Шумори бештарини тарафдорони тағйироти конститутсионӣ дар Чеченистон будаанд. Дар ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ 98% ба тарафдорӣ овоз додаанд. Мақомот гуфтанд, ки дар дигар минтақаҳо ҳам аксари сокинон ба тарафдорӣ овоз додаанд.

Радио Свобода менависад, натиҷаҳои экзитполи бархе гурӯҳҳо баёнгари вазъи баръакс аст. Ташаббускорони маъракаи “НЕТ!”, ки мухолифи тағироти конститутсионӣ мебошанд, натиҷаҳои пурсишҳои ҳамзамони баъди овоздиҳии худро нашр карданд, ки мегӯяд, дар Маскав 55% пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки мухолифи тағйирот овоз дода, 45% тарафдорӣ кардаанд. Дар Санкт-Петербург шумори мухолифони тағйирот 63% ва ҷонибдорон 37% будааст. Дар ин пурсиши “НЕТ!” беш аз 7 ҳазор нафар иштирок кардаанд.

Бар пояи назарпурсиҳои марказҳои дигар, ки рӯ ба ҳукумат ҳастанд, 71% шаҳрвандон ҷонибдори тағйироти конститутсионӣ будаанд.

Кремлин гуфт, тағйирот барои суботу амнияти кишвар зарур аст, дар ҳоле ки мунтақидон мегӯянд, Путини 67-сола тавассути ин тағйирот мехоҳад ҳузурашро дар қудрат якумрӣ кунад.

Ба овоздиҳандагон танҳо пешниҳод шуд, ки ба тарафдорӣ ва ё мухолифи тағйироти конститутсионӣ овоз диҳанд. Ҳукумат бисёр талош кард, ки дар ҷомеа ҷонибдорони ин тағйирот зиёд шаванд.

Аз миёни 200 тағйиру иловаҳо яке аз пурбаҳстаринаш он аст, ки собиқаи президентии Путин ба ҳеч баробар шуда, ба ӯ ҳақ медиҳад, ки баъд аз соли 2024 ду давраи дигари шашсола барои курсии президентӣ мубориза барад.

12 сенатори амрикоӣ аз ҳукумат хостанд Бузургмеҳр Ёров ва Далер Шарифовро озод кунад

Бузургмеҳр Ёров.

Гурӯҳе аз аъзои Сенати Амрико бо ирсоли нома ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, хостори раҳоии зиндониёне шуданд, ки барои баёни андешаҳои озод маҳкум шудаанд.

Дар ин нома, ки рӯзи 29-уми июн бо имзои 12 узви Сенат ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон фиристода шуд, гуфта мешавад, ки афрод набояд барои баёни андешаи озод ҳабс шаванд. Онҳо аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кардаанд, ки бидуни ҳеҷ пешшарт, ин афродро аз зиндон озод кунанд.

Дар нома аз ҷумла ишора шудааст, ки дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ хатари гирифтории зиндониён ба ин беморӣ зиёд аст ва дар бархе кишварҳо барои пешгирӣ аз паҳншавии бештари COVID-19, шуморе аз зиндониёнро раҳо карданд.

Сенаторони Амрико ба қазияи Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонӣ ишора кардаанд, ки бо чанд иттиҳом ба 23 сол зиндон маҳкум шудааст. Дар нома гуфта мешавад, ки тибқи гузоришҳои дарёфтӣ, Ёров дар зиндон табаш баланд шуда ва хадамоти дурусти тиббӣ дарёфт накардааст. Ҳарчанд Ёров аз беморӣ шифо ёфт, аммо тибқи бархе гузоришҳо, шуморе аз зиндониён бар асари COVID-19 фавтида ва бархе дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Бузургмеҳр Ёровро моҳи октябри соли 2016 бо гуноҳҳои даъвати оммавӣ ба тағйири ҳукумат, сохтакории санаду қаллобӣ ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳ баъдан ба ҳукми ӯ барои "таҳқири намояндаи ҳокимият ва президент" 5 соли дигар изофа кард. Соли гузашта бар асоси Қонуни авф ҳукми Бузургмеҳр Ёровро 6 сол кам карданд.

Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳеч гоҳ иттиҳомҳои эълонкардаи мақомотро эътироф накардаанд ва мегӯянд, парванда ангезаҳои сиёсӣ дорад. Ёров ва наздиконаш пештар гуфтаанд, боздошти адвокати шинохта фақат ба хотири ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ буд. Бузургмеҳр Ёров соли 2015 ва пеш аз боздошт аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи раёсати ин ҳизб ҳимоят мекард.

Дар номаи аъзои Сенати Амрико ҳамчунин ба қазияи журналист Далер Шарифов низ ишора шудаааст, ки дар бораи ҳуқуқи башар ва озодиҳои динӣ матлабҳо нашр мекард. Сенаторони амрикоӣ аз ҳукумат хостанд, ки Шарифовро ҳам аз зиндон озод кунад.

Далер Шарифов, хабарнигори 32-солаи тоҷик рӯзи 28-уми январи имсол боздошт шуд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел Шарифовро бо гуноҳи барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ як сол аз озодӣ маҳрум кард. Иттиҳоме, ки Далер Шарифов ва наздиконаш онро қабул надоранд.

Ҷаласаи мақомоти иктишофии ИМА дар робита бо подошҳои пулии Русия ба Толибон

Раиси Оҷонсии марказии истихборот Ҷина Ҳаспел

Қонунгузорони ҳарду ҳизби сиёсии ИМА қарор аст рӯзи 2 июл назари мақомоти иктишофӣ дар робита бо иттиҳоми Русия дар маблағгузорӣ кардани Толибонро барои куштори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон бишнаванд. Ин ҷаласа дар пасманзари даъватҳои тоза барои таҳримҳои нав алайҳи Русия баргузор мешавад. Дар миёни мақомоти иктишофӣ, ки бо қонунгузорон дар як ҷаласаи махфӣ сӯҳбат мекунанд, раиси Оҷонсии марказии истихборот Ҷина Ҳаспел ва раиси иктишофи миллӣ Ҷон Ратклифф мебошанд. Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 1 июл батакрор гуфт, ки ӯро дар бораи эҳтимоли аз ҷониби Русия маблағгузорӣ шудани Толибон бо ҳадафи куштори низомиёни амрикоӣ хабардор накарданд, чун, ба гуфтааш, бисёр мақомоти иктишофӣ дар дурустии ин хабар шубҳа карданд. Дар ҳамин ҳол демократҳо пойфишорӣ доранд, ки дар сурати тасдиқи дурустии хабар Русия бояд таҳрим шавад. Аввал шуда дар бораи хабари пул додани Русия ба Толибонро ҳафтаи гузашта нашрияи New York Times гузориш дод. Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Роберт О’Браян ба хабарнигорон ваъда дод, ки агар ин иттиҳом рост барояд, президент “иқдоми шадид хоҳад гирифт”. Русия ва Толибон вуҷуди ҳама гуна подоши молӣ барои куштори нирӯҳои амрикоиро рад кардаанд

Як ноболиғ модар ва ду бародарашро кушта, ҷасадҳоро оташ задааст

Додситонии кулли Тоҷикистон ҷузъиёти ҳодисаеро нашр кард, ки як ноболиғ ба гуфтаи мақомот модар ва ду бародари хурдсоларо кушта, онҳоро оташ задааст.

Дар иттилоияи Додситонии кулл гуфта мешавад, ки Воҳидов М, сокини ноболиғи шаҳри Ҳисор 12 декабри соли гузашта модараш Воҳидова М. ва ду бародари угаяшро кушта, барои пинҳон доштани изи ҷиноят манзилро оташ задааст.

Ба гуфта мақомот, Воҳидов ба он хотир ин корро кардааст, ки модараш бо ӯ муносибати дағал дошта, бародарони угаяшро бештар дӯстдорӣ мекардааст. Ноболиғи муттаҳам ба куштори модар дар оилаи падарандар зиндагӣ мекардааст.

"Дар давоми зиндагии якҷоя модараш Воҳидова М.Ҳ. нисбати ноболиғ Воҳидов М.А. муносибати дағалона дошта, ӯро бештар дар иҷро намудани корҳои хоҷагӣ истифода намуда, фарзандони хурдсолаш Атоев Ю.А. ва Атоев Ё.А.-ро нисбат ба ӯ бештар дустдорӣ карда, дар ин замина рашку хусумати ноболиғ Воҳидов М.А.-ро ба худ пайдо кардааст,"-менависад манбаъ.

Мақомот гуфтанд, Додгоҳи шаҳри Ҳисор ноболиғ Воҳидов М-ро бо иттиҳоми куштори беш аз ду нафар бо бераҳматии махсус гунаҳкор донистааст. Бар асоси қарори додгоҳ Воҳидов М, даҳ сол дар колонияи тарбиявии дороми низоми умумӣ адои ҷазо мекунад. Додситонии кулл мегӯяд, барои ноболиғ "ҷазои баландтарин" аст.

Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои куштор тақрибан ҳар ҳафта рух медиҳанд. Аммо куштори модар ва ду бародар аз сӯи як ноболиғ ҳодисаи камсобиқа аст. Равоншиносон чунин ҷиноятҳои бо бераҳмии гӯшношунид содиршударо аломати бераҳмтар шудани ҷомеа меноманд.

Конгресс қонуни эъломи таҳрим зидди Путин ва атрофиёнашро баррасӣ мекунад

Дар Сенати ИМА рӯзи чоршанбе лоиҳаи қонуне пешниҳод шуд ва он эъломи таҳрим зидди русиягиҳоеро талаб мекунад, ки даст доштанашон дар додани мукофот ба қатли сарбозони Амрико дар Афғонистон исбот шавад. Яке аз ҳадафҳои таҳрим президенти Русия Владимир Путин хоҳад шуд.

Лоиҳаи қонун дар шакли тағйирот ба Санади харҷҳои дифоӣ аз сӯи сенатори маъруфи демократ Роберт Менендес таҳия шудааст. Бар асоси он, агар таҳқиқи ИМА даст доштани раҳбарияти Русия ё ниҳоди зертобеи ӯро дар додани мукофот барои ҳамла ба низомиёни эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон тасдиқ кунанд, президенти Амрико бояд зидди Путин, вазири дифоъ Сергей Шойгу ва бархе мансабдорони дигари рус бояд таҳрим эълом кунад. Ҳамчунин ҳабси дороиҳои ниҳоду шахсони мазкур ва манъи вуруди онҳо ба ИМА пешниҳод шудааст. Олигархҳои наздик ба Путин, сиёсатмадорони рус ва аъзои оилаашон низ метавонанд таҳрим шаванд.

Сенатор мегӯяд, ҳадафи ӯ ин аст, ки Русия бояд барои амалҳои худ посух бигӯяд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар Сенат ба андозаи кофӣ ҷонибдорӣ хоҳад шуд, ё не. Вале чандин узви саршиноси Конгресс рӯзҳои ахир хостанд, агар даст доштани Русия дар сармоягузории ҳамлаҳо ба сарбозони Амрико дар Афғонистон исбот шавад, зидди Кремл таҳрим эълом гардад.

Қазоқистон аз 5 июл карантини сахттар эълом мекунад

Як зани ниқобпӯш дар Алмато, Қазоқистон

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 1 июл гуфт, ҳукумат пешниҳод кардааст, ки дар ин кишвар сар аз 5 июли соли равон ду ҳафта карантин эълом шавад.

"Ҳукумати нақшаи ҷорӣ кардани карантин ба муҳлати 14 рӯзро пешниҳод кардааст. Эҳтимоли тамдид вуҷуд дорад. Вазири тандурустӣ пагоҳ баъди ҷаласа масъаларо шарҳ хоҳад дод", - навишт Қосимҷомарт Тоқаев дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Тоқаев ду рӯз пеш ба аъзои ҳукумат дастур дода буд, ки дар давоми ду рӯз нақшаи ҷорӣ кардани карантини шадидро пешниҳод кунанд. Фикри ҷорӣ кардани карантини сахт баъди он ба миён омад, ки бемории коронавирус пас аз бекор шудани маҳдудиятҳо дубора авҷ гирифт. Ба гуфтаи Тоқаев, баъди бекоршавии карантин шумори мубталоён 7 баробар зиёд шудааст.

Вазири нави тандурустии Қазоқистон Алексей Сой пешниҳод кард, бо мақсади пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус дар саросари ин кишвар давоми чаҳор ҳафта чораҳои сахти карантинӣ ҷорӣ шавад.

Вазорати тандурустии Қазоқистон 1 июл хабар дод, ки 30 июн дар ин кишвар 1 ҳазору 604 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 ошкор шудааст, ки аз ин миён танҳо 489 нафар нишонаҳои бемориро доранд. Боқӣ (1 115 кас) надоранд.

Бино ба иттилои расмӣ, шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар то 1 июл ба 41 065 расид. Ин рақам мубталоёни дорои нишонаҳои беморӣ ва бидуни нишонаро дар бармегирад.

Имтиҳони қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистон зери чораҳои беҳдоштӣ оғоз шуд. АКС

Рӯзи 1-уми июл имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии Тоҷикистон оғоз шуд, аммо ба фарқ аз солҳои гузашта бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мегузарад.

Имсол 110 ҳазор нафар дар Маркази миллии тестӣ ба сифати довталаб сабти ном шудаанд. Мактабҳои оливу миёнаи касбии Тоҷикистон нақша доранд, ҳамагӣ каме беш аз 80 ҳазор нафарро бипазиранд.

Баҳром Паҳлавонзода, ҷавони тоҷик, дар қатор ҳазорҳо ҳамсоли худ рӯзи чаҳоршанбе имтиҳони аввали қабул ба донишгоҳро супурд. Вай баъди берун шудан аз ҳуҷраи имтиҳонсупорӣ ибрози умед кард, ки шомили донишгоҳ хоҳад шуд.

Сиёвуш Сафаров, довталаби дигар мегӯяд: "То имрӯз пайваста ба Маркази миллии тестӣ занг мезадам ва мепурсидам, ки имтиҳон мешавад, ё не. Метарсидам, ки мабодо бо сабаби коронавируси нав имтиҳонҳои қабул баргузор нашавад. Имтиҳони аввалро супоридем, натиҷаро интизор мешавем."

Нигаронии довталабон дар ҳоле буд, ки давраи сабти номи онҳо дар Маркази миллии тестӣ ба замони авҷи пандемияи COVID-19 рост омад.

Аввали моҳи июн Ситоди муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон гуфт, имсол имтиҳони хатм барои хонандагони синфҳои 9 ва 11 баргузор карда нашавад. Ҳамин тавр, баҳои хатмкунандаҳоро бар асоси натиҷаҳои чаҳоряки гузашта монданд.

Имсол мактабҳои Тоҷикистонро 162 ҳазор хонандаи синфи 9 ва беш аз 123 ҳазор хонандаи синфи 11 хатм карданд.

Масъулини Маркази миллии тестӣ мегӯянд, имтиҳонҳои қабул то 7-уми июл дар 18 мактаби саросари кишвар гузаронида шуда, барои довталабон дар даври такрорӣ имконият фароҳам оварда хоҳад шуд.

Абдуваҳҳоб Одинаев, як масъули Маркази миллии тестӣ, рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзи аввали қабули имтиҳонҳо ҳудуди 16 ҳазор довталаб аз кластери якум, ки фанҳои табиӣ ва дақиқро дар бар мегирад, имтиҳон супориданд.

Имсол шумори довталабон нисбат ба соли гузашта бештар будааст. Мақомот онро ба густариши бемории COVID-19 рабт медиҳанд, ки марзҳоро баст ва таҳсили довталабони тоҷикро дар хориҷи кишвар инмконнопазир кард ва ин гурӯҳ акнун барои шомил шудан ба донишгоҳҳои Тоҷикистон талош доранд.

COVID-19 дар Тоҷикистон ба беш аз 6000 кас сироят кардааст

Шумори гирифторони коронавируси нав дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми июл аз марзи 6 ҳазор нафар гузашт. Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар шабонарӯзи гузашта бемории 51 нафари дигар тасдиқ шуд. Ба иттилои расмӣ, то ин дам беш аз 4600 нафар ё 77 дар сади беморон шифо ёфта, 52 кас ҷон бохтаанд. Бори охир мақомот рӯзи 20-уми июн дар бораи фавти шахси мубтало ба COVID-19 дода буданд. Дар феҳрасти ғайрирасмӣ то 14-ми июн номи беш аз 430 қурбонии эҳтимолии коронавируси навро навиштаанд. Феҳраст дар ду ҳафтаи ахир нав нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф карданд. То он замон афзоиши беморон ва марги пайиҳами баъзе сокинонро ба илтиҳоби шуш рабт медоданд.

Матолиби бештарро дар ин бора дар ин ҷо хонед

Додгоҳи Минск қарори ҳабси рақиби интихоботии Лукашенкоро нигоҳ дошт

Виктор Бабарика. Акс аз рӯзи 11 июн

Додгоҳе дар Минск қарор кард, ки рақиби эҳтимолии Александр Лукашенко дар интихоботи президентии Беларус, ки рӯзи 9 август баргузор мешавад, дар боздошт мемонад. Ҳуқуқшинос Дмитрий Лаевский рӯзи 30 июн гуфт, ки додгоҳи ноҳияи Марказии шаҳри Минск қарори ҳабси Виктор Бабарикаро, ки дар ҷиноятҳои молӣ гумонбар мешавад, ҳифз кард. Бабарикаву писараш Эдуард рӯзи 18 июн боздошт шуда бо гумони фирор аз пардохти андоз ва пулшӯӣ дар робита бо тафтишот дар Белгазпробанк, ки давоми 20 сол ҷои кори Бабарика будааст, пурсида шуданд. Мақомоти Беларус рӯзи 15 июн назорат бар бонкро ба даст гирифта беш аз даҳ мудири бонкро бо иттиҳоми фирор аз андоз ва пулшӯӣ боздошт карданд. Бабарикаи 56-сола гуфт, ки ин ҳама амалҳо “амрҳои сиёсӣ” мебошанд.

Лукашенко талош дорад бори шашум дар интихоботи президентии Беларус иштирок кунад. Ӯ ҳафтаи гузашта эътироф кард, ки боздоштҳои афроди сиёсии марбут ба интихобот “бо ишораи ӯ” анҷом шудааст. Лукашенко дар бораи боздоштҳои Белгазпромбанк гуфт, ки аз як “табаддулоти давлатӣ” ҷилавгирӣ кардааст.

Боздошти Бабарико боиси эътирозҳои сартосарӣ дар Беларус шудаас.

Олмон раҳбарии давраии Иттиҳоди Аврупоро ба дӯш мегирад

29 июн, Берлин. Раҳбарони Фаронсаву Олмон - президент Эммануэл Макрон ва садри аъзам Ангела Меркел барномаи раҳоии иқтисоди Аврупоро баррасӣ карданд

Шурӯъ аз 1 июл Олмон масъулияти президентии шашмоҳаи Иттиҳоди Аврупоро ба дӯш мегирад ва ин ба замоне мувофиқ омад, ки дар созмони иборат аз 27 узв поинтарин нишондодҳои иқтисодӣ аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон мушоҳида мешавад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел, ки аз мақомаш канор меравад, барои роҳандозии нақшаи наҷоти иқтисоди аз пандемияи коронавирус осебдидаи Иттиҳоди Аврупо ҳамчун бахши муҳими ниҳоии кораш муносибат мекунад. Меркел рӯзи 29 июн дар Берлин бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон дидору гуфтугӯ кард ва ҳарду раҳбар барномаи муштараки барқарории иқтисод дар давраи коронавирусро пуштибонӣ карданд. Раҳбарони Олмону Фаронса ба талошҳои муштарак дар амри барқарор кардани иқтисод таъкид ва эътироф карданд, ки аз раҳбарии Олмон “умеди зиёд доранд”. Меркел ва Макрон нақшаи 500-миллиардевроии кӯмак ба Аврупоро дар давраи пандемия муаррифӣ карданд ва баъдан ин нақшаи пешниҳодӣ то 750 миллиард евро афзоиш дода шуд. Ҳадаф кӯмак ба кишварҳои шадидан осебдидаи мисли Итолиёву Испания мебошад. Қарор аст дар ҷаласаи Иттиҳоди Аврупо рӯзҳои 17 ва 18-уми июл ин тарҳ мавриди баррасӣ қарор гирад. Меркел ба ризоияти кишварҳои узв умедвор аст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG