Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай аз тавсеаи терроризм ҳушдор дод


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон имрӯз аз тавсеаи сареъ ва шадиди хатароти терроризм ва хушунатҳои идомаёбанда дар марзи Афғонистону Покистон ҳушдор дод. Зимни суханрониаш дар нишасти раҳбарони сиёсиву иқтисодӣ дар Давоси Швейсария бо ишора ба ошӯбҳои ахир дар Покистон Карзай гуфт, ки шакли тағйирпазири тундгаройӣ ҳамакнун дар дигар манотиқи минтақа ҳам тавсеа меёбад:

"Ман мутмаинам, ки рӯйдодҳои ҳафтаҳои ахири Покистон дар нуқоти мухталифи ҷаҳон изтироби зиёдро ба миён овард. Чунин ба назар мерасад, ки шакли тағйирпазири тундгаройӣ ба таври хатарзо дар саросари минтақа паҳн мешавад. Тибқи ҳама ишораҳо, тавсеаи сареъ ва шадиди хатарҳои террорзим дар саросари минтақа барои кулли ҷаҳон асароти манфӣ хоҳад гузошт".

Карзай инчунин дар суханронии худ аз чандин ҳамлаҳои ахир дар Покистону Афғонистон ва ҳодисаи қатли сиёсатмадори покистонӣ Беназир Бҳутто ёдовар шуд. Карзай даъват ба амал овард, ки аз истифодаи сиёсати тундгароёна барои расидан ба манофеи худ даст кашанд ва барои тахриби шабакаҳо ва манобеи пулии террористон талош ба харҷ диҳанд.
XS
SM
MD
LG