Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластиниҳо аз гуруснагӣ девори марзро шикастанд


Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури Миср гуфтааст, вай ба нируҳои артиши кишвараш дастур додааст, ки фаластиниёнро барои вуруд ба қаламрави Миср иҷоза диҳанд, агар онҳо мусаллаҳ набошанд. Имруз баъд аз тахриби девори марзӣ аз тарафи тундравҳо даҳҳо ҳазор нафар фаластиниён аз Борикаи Ғаззаи Фаластин ба қаламрави Миср рехтанд. Ҳуснӣ Муборак зимни суханони худ дар Қоҳира изҳор дошт, ки фаластиниёни сокини Ғазза як ҳафта дар гуруснагӣ ба сар мебурданд. Нируҳои исроил Ғаззаро муҳосира кардаанд, зеро он зери контроли нируҳои Ҳамос қарор дорад.
XS
SM
MD
LG