Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргбор дар як маросими ҷаноза


Бар асари як ҳамлаи маргталабона дар маросими ҷаноза дар як деҳаи воқеъ дар шимоли Ироқ дасти кам 14 кас кушта ва чандин нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамла дар деҳаи суннинишини Ҳаҷоҷи канори шаҳри Тикритро касе бар дӯш нагирифтааст ва аммо хабаргузориҳо ҳадс мезананд, ки шояд онро мусаллаҳони Ал-Қоида анҷом дода бошанд. Гуфта мешавад, ки ин созмон талош дорад аз ҳамкории раҳбарони манотиқи суннинишин бо неруҳои амрикоӣ ҷилавгирӣ кунад.

XS
SM
MD
LG