Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги шубҳаангези донишҷӯи зиндонӣ дар Эрон


Хонаводаи донишҷӯи курдтабори риштаи ҳуқуқ, ки аввали ин моҳ дар як маҳбаси Эрон фавтид, талаб дорад, ҷасад колбадшикофӣ ва сабаби марги ӯ ошкор шавад. Вакили ин хонавода, Солеҳ Некбахт мегӯяд, кормандони хадамоти махфӣ донишҷӯ Иброҳими Лутфуллоҳиро моҳи январ дар рафти имтиҳонҳо ба ҳабс гирифтанд. Хешони донишҷӯ мегӯянд, вақте ӯро дар маҳбас мулоқот карданд, солим намудор мешуд. Мақомот ба онҳо гуфтаанд, ки донишҷӯи 27-сола худкушӣ кард ва дар қабристони шаҳр дафн шудааст.
XS
SM
MD
LG