Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

ИМА ба Афғонистон неруҳои иловагӣ мефиристад?

Иёлоти Муттаҳида шояд ба Афғонистон се ҳазор неруи иловагӣ интиқол диҳанд. Ҳайати фармондеҳии Амрико дар Афғонистон ин пешниҳоди худ ба вазири дифоъ Роберт Гейтсро бо он рабт додааст, ки бо фарорасии баҳор муқовимати Толибон дар ин кишвар афзоиш меёбад.

Интизор меравад, ки ин пешниҳод рӯзи ҷумъа мавриди баррасии Пентагон қарор бигирад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Тоҷикистон дар як рӯз 50 кас аз коронавирус бемор шудаанд

Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта 50 кас ба коронавируси нав гирифтор шудаанд. Шумори умумии беморон то 3-юми июл ба 6108 нафар расид.

Мақомот мегӯянд, 4762 нафар ё тақрибан 78 дар сади беморон шифо ёфтаанд. Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел, замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон, то ин дам 52 кас ҷон бохтаанд. Дар тақрибан ду ҳафтаи ахир фавти беморони COVID-19 сабт нашудааст.

Дар феҳрасти ғайрирасмӣ то нимаи дувуми моҳ июн номи беш аз 430 қурбонии эҳтимолии коронавируси нав ва илтиҳоби шушро тартиб додаанд, вале дар бештар аз ду ҳафтаи ахир дар ин рӯйхат низ иттилое ворид нашудааст.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон аз кам шудани омори беморон хабар медиҳад ва маҳдудиятҳоро бардоштааст, Узбекистону Қазоқистон маҳдудиятҳоро барои пешгирӣ аз густариши беморӣ дубора сахттар мекунанд.

Жан Кастекс нахуствазири нави Фаронса шуд

Жан Кастекс - нахуствазири Фаронса

Жан Кастекс – собиқ муовини раиси маъмурияти президенти Фаронса ба мақоми нахуствазирӣ таъин шуд. Дар ин бора рӯзи 3 июл қасри президенти Фаронса хабар дод. Вазифаи асосии Кастекс мусоидат ба кишвар дар берун шудан аз паёмадҳои коронавирус мешавад. Рӯзи ҷумъа президент Эммануэл Макрон истеъфои ҳукумат ба раҳбарии нахуствазир Эдуард Филиппро қабул кард, ки аз соли 2017 дар ин вазифа кор кардааст. Тағйироти мазкур пешгӯишаванда буд. Худи Макрон, ки то анҷоми мӯҳлати президентиаш ду соли дигар мондааст, қаблан дар мусоҳиба бо «Радиои байналмилалии Фаронса» гуфт, ки «тими нав ташкил мешавад». Як сабабаш паёмадҳои пандемияи коронавирус мебошад. Бархе пешбиниҳо ин аст, ки президент дар талоши тақвияти сиёсати иҷтимоӣ буда, ба пуштибонии соҳаи бизнес нигаронида шудаааст.

Конститутсияи навшдудаи Русия 4 июл ба ҳукми иҷро медарояд

Элла Памфилова, раиси Комиссиюни марказии интихоботҳои Русия гуфт, ки қонуншиканиҳо дар овоздиҳӣ "хеле кам буд"

Конститутсияи навшудаи Русия, ки дар қатори дигар тағйирот ҳеҷ шудани мӯҳлати президентии Владимир Путин ва роҳи ӯ ба ду интихоботи дигарро боз мекунад, рӯзи 4 июл ба иҷро медарояд. Дар ин замина рӯзи 3 июл қарори нави Путин имзо шуд. Қабл аз ин Комиссиюни марказии интихоботҳои Русия натиҷаҳои ниҳоии референдумро бар асоси протоколи ниҳоӣ тасдиқ кард. Зери протокол ҳама аъзои комиссиюни интихоботӣ якдилона имзо гузоштанд. Бар асоси ин санад, ҳузури раъйдиҳандагон дар овоздиҳии 25 июн то 1 июл 68 дарсадро ташкил додааст.

Дар протоколи расмӣ омадааст, ки аз ин ҳисоб наздики 78 дарсад гуфтаанд, ки тарафдори тағйироти конститутсионӣ ва беш аз 21 дарсад мухолиф мебошанд. Бархе аъзои комиссиюн дар ҷаласа гуфтанд, ки дар овоздиҳӣ “амалҳои таҳрикомез” ва талошҳои беобрӯ кардани ин маърака дида шуд, вале ин талошҳо “бенатиҷа анҷомид”. Аъзои комиссиюни интихоботӣ таъкид мекунанд, ки овоздиҳӣ одилона баргузор шуд ва раиси он Элла Памфилова гуфт, ки қонуншиканиҳо “хеле кам буд”.

Вале нозирони бетараф ва созмонҳои мухолифон назари дигар доранд ва мегӯянд, ки овоздиҳӣ бо қонуншиканиҳову тақаллуб ба ҳамроҳ гузашт.

Падари Ҳабиб Нурмагомедов даргузашт

Ҳабиб Нурмагомедов дар канори падараш Абдулманап Нурмагомедов

Падари қаҳрамони бозиҳои якҳарбаи омехта Ҳабиб Нурмагомедов - Абдулманап Нурмагомедов даргузашт. Дар ин бора дар саҳифаи худ дар Телеграм раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров хабар дод. Вебсайти хабарии Лента.ру менависад, ки Қодиров ба оилаи варзишгари маъруф изҳори ҳамдардӣ кардааст. 15 апрели имсол расонаҳо хабар доданд, ки падари Нурмагомедов ба як беморхонаи Махачқалъа, пойтахти Доғистон бистарӣ шуд ва дертар бемории ӯро илтиҳоби шуш гуфтанд. "Известия" менависад, ки рӯзи 13 май маълум шуд, ки ӯ бо ҳолати сангин дар як беморхонаи Маскав аз коронавирус табобат мегирад ва як муддат дар ҳолати кома ё беҳушӣ ҳам қарор дошт.

Рӯзи 18 июн як ҳамкори Нурмагомедов гуфт, ки Абдулманап Нурмагомедов аз коронавирус шифо ёфтааст. Вале зоҳиран паёмадҳои коронавирус вазъи сиҳҳатии ӯро сангин кардааст.

Абдулманап Нурмагомедови 58-сола мураббии варзиш буд ва ба ҷуз писараш чандин қаҳрамони дигарро низ дар бозиҳои якҳарбаи омехта тарбия кардааст.

Дар шаҳри Нурсултон муҷассамаи Нурсултон Назарбоев гузошта шуд

Муҷассамаи баланди Нурсултон Назарбоев рӯзи 3 июл дар даромадгоҳи Донишгоҳи миллии мудофеаи Қазоқистон ифтитоҳ шуд

Дар шаҳри Нурсултон дар остонаи 80-умин зодрӯзи собиқ президент Нурсултон Назарбоев муҷассамаи ӯро ифтитоҳ карданд. Ҳайкали Назарбоев дар назди Донишгоҳи миллии мудофеаи Қазоқистон ба номи Нурсултон Назарбоев қомат афрохтааст. Дар фарҳанги башарӣ маъмулан муҷассамаҳову ҳайкалҳои сангиро баъди даргузашти инсон мегузоранд, вале дар Осиёи Марказӣ дар давраи раҳбарии президенти собиқ Сафармурод Ниёзов, ки дар Туркманистон низоми диктотурӣ ва кеши шахсият сохта буд, дар давраи зиндагиш муҷассамаи ӯ дар маркази Ишқобод гузошта шуд.

Рӯзи 6 июл Назарбоев зодрӯз дорад ва маросими ифтитоҳи муҷассамаро ба таври онлайнӣ президент Қосимҷомарт Тоқаев, ки соли гузашта баъди ногаҳон ба истеъфо рафтани Назарбоев ба ин мақом омад, мушоҳида намуд. Маълум нест, ки оё Назарбоев, ки гуфтанд аз коронавирус раҳо шудааст, ин маросимро мушоҳида кард ё на.

Сухангӯи Назарбоев Айдос Укибай дар Твиттер навишт, ки рӯзи 2 июл тести озмоишии Назарбоев ба коронавирус манфӣ баромад. Хабари ба беморӣ гирифтор шудани ӯ рӯзи 18 июн расонаӣ шуд. Назарбоев давоми 30 сол дар Қазоқистони ғанӣ аз нафт раҳбарӣ карда ҳоло ҳам як раҳбари бонуфуз дар минтақа боқӣ мемонад. Ӯ мақомҳои раиси ҳизби ҳокими «Нуротан» ва раиси Шӯрои амниятро ҳифз кардааст.

Айбдоркунанда талаб дорад рӯзноманигор Прокопева ба 6 соли зиндон маҳкум шавад

Светлана Прокопева, журналисти гумонбар дар сафед кардани терроризм

Ҷониби айбдоркунанда дар як додгоҳи Русия оид ба сафед кардани терроризм талаб кард, ки журналист Светлана Прокопева ба шаш соли зиндон маҳкум шавад. Инчунин додситонӣ хостааст, ки Прокопева давоми чор сол аз ҳақи кор ба ҳайси рӯзноманигор маҳрум шавад. Мурофиа дар додгоҳи низомии шаҳри Псков ҷараён дорад. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин рӯзноманигор феврали соли 2019 боз шуд. Прокопеваро барои шарҳаш дар радиои "Эхо Москвы в Пскове" муҳокима мекунанд. Ӯ дар ин сӯҳбаташ дар бораи худкушии як мард дар даромадгоҳи дафтари ФСБ-и Архангелск сӯҳбат карда ин ҳолатро ҳамчун эътироз алайҳи қонуншиканиҳои ходимони ҳифзи қонун арзёбӣ кард. Назарҳояшро ӯ баъдан дар як блогаш ҳам чоп кард. Прокопева дар додгоҳ гуфт, ки ин суханҳоро ба он хотир гуфт, ки амалҳои террористӣ дар оянда такрор нашаванд. Ба саволи додрас дар бораи он ки "оё ӯ терроризмро сафед мекунад?", – Прокопева гуфт, навиштаҳои ӯ барои ҳимоят аз мардум равона шуда буд.

Ба ҳимояи Прокопева журналистон, созмонҳои ҳомии озодии баён, сиёсатмадорону ходимони ҷамъиятии Русияву кишварҳои дигар садо баланд карданд. Иттиҳоди журналистони Петербург талаб дорад, ки парвандаи ӯ қатъ шавад.

RT аз Навалний, Собол ва Znak.com 500 ҳазор рубл талаб кард

Любов Собол, ҳуқуқшиноси Бунёди мубориза бо фасоди Алейсей Навлний

Шабакаи телевизионии RT ба додгоҳ муроҷиат карда хостааст, ки Алексей Навалний, Любов Собол ва вебсайти Znak.com барои нашри гузориш ва видео дар бораи дурӯғин будани омори маҳбубияти барномаҳои ин телевизион дар шабакаи YouTube дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл ҷуброн пардохт кунанд. Дар ин бора Znak.com бо такя ба аризаи RT хабар додааст. Шабакаи RT аз ин се ҷониб талаб кардааст, ки қарори додгоҳ дар бораи ғйривоқеӣ будани иттилоъро чоп карда, нашри видео дар саросари Русия манъ шавад.

Аз ҷумла, даъвогар хостааст, ки ҳуқуқшиноси Бунёди мубориза бо фасод Любов Собол иддаояш дар бораи ин ки сардабири RT Маргарита Симонян “ҳама, аз ҷумла раҳбараш Владимир Путинро фиреб мекунад”, “ин шабакаро касе тамошо намекунад”, RT аз роҳҳои фаннии тақаллубӣ омори бинандаҳоро боло мебаранд ва “буҷаи ҳангуфт ба киса мераванд”-ро рад карда матнашро нашр кунад.

Дар маҷмӯъ шабакаи RT талаб дорад, ки 12 изҳороти Собол, 13 изҳороти сиёсатмадори мухолифи ҳукумат ва муассиси Бунёди мубориза бо коррупсия Алейсей Навалний ва се гузориши Znak.com дар бораи суханрониҳои Собол, аз ҷумла номи матлаб рад карда шавад. Мояи норизоияти шабакаи телевизионӣ таҳқиқоти видеоии Навальный LIVE аз моҳи апрел будааст. Рӯзи 7 июн шабакаи RT ба додгоҳ шикоят кард ва қарор аст 15 сентябр дар додгоҳи ҳакамии Маскав ҷаласаи аввал баргузор шавад.

Ҳукумати Фаронса ба раҳбарии Эдуард Филипп ба истеъфо рафт

Эдуард Филипп давоми се соли охир нахуствазири Фаронса буд

Нахуствазири Фаронса Эдуард Филипп ба унвонии президент Эммануэл Макрон номаи истеъфои худ ва аъзои ҳукуматро ирсол намуд ва раиси ҷумҳурӣ ин аризаро қабул кард. То замони таъини аъзои нави ҳукумат ҳамин ҳайат корро идома медиҳад.

Тағйироти мазкур пешгӯишаванда буд. Худи Макрон, ки то анҷоми мӯҳлати президентиаш ду соли дигар мондааст, қаблан дар мусоҳиба бо «Радиои байналмилалии Фаронса» гуфт, ки «тими нав ташкил мешавад». Як сабабаш паёмадҳои пандемияи коронавирус мебошад. Бархе пешбиниҳо ин аст, ки президент дар талоши тақвияти сиёсати иҷтимоӣ буда, ба пуштибонии соҳаи бизнес нигаронида шудаааст. Маълум нест, ки то куҷо Филипп мақоми нахуствазириро ҳифз хоҳад кард. Кохи Елисей эълон кард, ки дар соатҳои наздик номи нахуствазири нав эълон мешавад. Филипп аз 15 маи соли 2017 нахуствазири Фаронса буда, қаблан дар мақоми раиси шаҳри Гавр кор кардааст. Соли ҷорӣ дар интихоботи шаҳрдори нави Гавр Филипп дубора пирӯз шуд.

Ҳинд гуфт, ки ба созиши хариди ҳавопаймоҳои ҷангии Русия омода шуд

Ҳукумати Ҳинд ба хариди 21 адад ҳавопаймои навъи MiG-29 омодагӣ нишон додаанд

Дар ҳоле, ки таниши марзии Ҳинду Чин идома дорад, Деҳлӣ ба хариди 33 ҳавопаймои ҷангӣ ва навсозии 59 ҳавопаймои дигар бо арзиши 2,4 миллиард доллар изҳори омодагӣ кард. Вазорати дифои Ҳинд рӯзи 2 июл хабар дод, ки аз Русия 21 адад ҳавопаймои навъи MiG-29 харида 59 ҳавопаймои MiG-29-ро навсозӣ мекунад. Ҳукумат инчунин қарори бо лисензияи Русия сохта шудани 12 ҳавопаймои навъи Su-30 MKI-ро дар корхонаи Hindustan Aeronautics Limited тасвиб кард. Вазорати дифои Ҳинд бо нашри изҳороте гуфт, ки барномаи истеҳсоли системаҳои мушакӣ таҳти рамзи "Made in India" барои “тақвияти нирӯҳои мусаллаҳ ба хотири ҳимояти марзҳои мо” равона шудааст.

Дар паи ин хабар нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ ва президенти Русия Владимир Путин як гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Бо шумули масоили дигар, Моди Путинро бо “анҷоми муваффақиятомези” раъйпурсии тағйироти конститутсионӣ, ки ҳадафи аслиаш то соли 2036 тамдид кардани қудрати Путин аст, табрик кард. Ду раҳбар инчунин баргузории як ҳамоиши дуҷонибаро дар соли ҷорӣ дар Ҳинд баррасӣ карданд. Замони Ҷанги Сард ин ду кишвар шарику ҳамкор буданд ва бахши аслии муҳимоти артиши Ҳиндро маҳсулоти сохтаи Русия ташкил медиҳад. Хабарҳо аз такмил шудани захираҳои низомии Ҳинд дар ҳолест, ки ҳафтаҳои ахир равобити Ҳинду Чин бад шудааст. Дар паи як задухӯрди марзии Чину Ҳинд дар як нуқтаи баҳсӣ рӯзи 15 июн Ҳинд 20 сарбозашро аз даст дод.

Мақомоти иктишофӣ дар назди қонунгузорони амрикоӣ дар бораи Толибон ва Русия гузориш доданд

Раиси маҷлиси намояндагон Ненси Пелоси ба хабарнигорон гуфт, ки таҳримҳои ИМА нисбати Русия бояд  бахшҳои иттилоот ва дифоъро фаро бигирад

Мақомоти иктишофии ИМА рӯзи 2 июл дар як ҷаласаи пӯшида барои қонунгузорони ҳарду ҳизби сиёсии маҷлис дар бораи иттилоъ дар заминаи эҳтимоли пул додани Русия ба Толибон барои куштани низоиёни амрикоӣ дар Афғонистон гузориш доданд. Қонунгузорон талаб карданд, ки дар бораи ин хабар иттилои бештар дарёфт кунанд ва бисёре гуфтанд, ки агар ин хабар дуруст буд, ИМА бояд Русияро таҳрим кунад. Дар миёни онҳое, ки дар ҷаласаи пинҳонии Конгресс иштирок карданд, раҳбари Оҷонсии марказии истихборон Ҷина Ҳаспел ва раиси иктишофи миллӣ Ҷон Ратклифф мебошанд. Раиси маҷлиси намояндагон Ненси Пелоси (демократ аз Калифорния), ки ҳамчунин дар ин нишаст иштирок кард, ба хабарнигорон гуфт, ки таҳримҳои ИМА нисбати Русия бояд бахшҳои иттилоот ва дифоъро фаро бигирад. Чак Шумер, узви Сенат аз демократҳо гуфт, ки “ҷудо аз ин ҷаласа, фикр накунам, ки президент барои ҷорӣ кардани чораҳои шадид нисбати Владимир Путин наздик шуда бошад”. Рӯзи 1 июл президент Доналд Трамп дар сӯҳбат бо Fox Business Network такрор кард, ки ба ӯ дар бораи маблағгузорӣ шудани Толибон барои куштори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон хабар надоданд, чунки, ба гуфтааш, худи мақомоти иттилоотӣ дар бораи дурустии ин хабар шубҳа доштанд.

Мизони олудагии рӯзона ба вирус дар ИМА рекордӣ шуд

Кӯҳи Рашмор дар Дакотаи Ҷанубӣ аст. Дар ин кӯҳпора ҳайкали чор президенти ИМА ҳаккокӣ шудааст, ки дар таърихи кишвар нақши муҳим доштаанд. Рӯзи 4 июл президент Доналд Трамп дар пойгоҳи ин кӯҳпора барои тамошои оташакбозӣ ҳозир мешавад

Омори олудагии рӯзона дар ИМА аз 55 ҳазор нафар гузашт ва ин рақам ду баробар бештар назар ба ду ҳафта пеш будааст. Дар қиёс бо ИМА, дар Аврупо аз 3 июл ҷорӣ маҳдудиятҳо нарм шудан мегиранд. Вазъи коронавирус дар ИМА морпеч ё мисли спирал пеш меравад ва дар остонаи таҷлил аз рӯзи истиқлолият, ки 4 июл аст, нигарониҳо аз эҳтимоли афзоиши бештари вируси нав вуҷуд дорад. Амрикоиҳо маъмулан ҷашни истиқлолиятро бо ташкили пикникҳои оилавӣ ваё таҷаммӯъҳои дӯстона пешвоз мегиранд. Ҳоло афзоиши олудагиҳо ба вируси нав дар 40 то 50 аёлати ИМА мушоҳида мешавад. Дар чаҳор аёлат – Аризона, Калифорния, Флорида ва Техас 25 ҳазор ҳодисаи гирифтории нав ба қайд гирифта шудааст. Баъди якбора боз кардани иқтисод дар моҳи май, рӯзи 2 июл волии Техас Грег Аббот амр дод, ки дар тамоми аёлат муқаррароти доштани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз нав риоя шавад. Президент Доналд Трамп Рӯзи истиқлолиятро дар назди кӯҳи Рашмор бо тамошои оташбозӣ пешвоз мегирад. Дар ин маҳалли таърихӣ қарор аст 7500 нафар ширкат бикунанд ва мақомоти Дакотаи Ҷанубӣ гуфтанд, ки фосилагирии иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб ҳатмӣ неву ихтиёрӣ мешавад. Дар Аврупо ҳодисаҳои олудагии нав ва марг кам шудааст. Бритониё эълон кард, ки аз рӯзи 10 июл дигар аз мусофироне, ки аз Олмон, Фаронса, Испания ва Италия меоянд, талаб намешавад, ки маҳдудияти иҷтимоиро риоя кунанд.

АП: Дар Ҳисор марди гумонбар дар таҷовуз ба номуси духтари 12-сола боздошт шуд

Акс аз бойгонӣ: духтари қирғизе, ки қурбонии бадарфториҳои шаҳвонӣ шудааст

Оҷонсии “Азия-Плюс” хабар дод, ки додситонии шаҳри Ҳисор марди 42-соларо бо иттиҳоми дастдарозӣ ба номуси ноболиғи 12-сола боздошт кард. Бо ин ки ҳодиса соли гузашта рух додааст, боздошти гумонбар дар дастдарозӣ ба номуси духтари хурдсол танҳо соли ҷорӣ ва зоҳиран баъди расонаӣ шудани он аз ҷониби Ҳизби сотсиал-демократӣ хабар дода шуд.

“Азия-Плюс” бо такя ба муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаев рӯзи 2 июл навишт: “Мард боздошт шуда, айни замон дар ҳабс қарор дорад. Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ӯ то 25 соли маҳрумият аз озодӣ таҳидид мекунад”. Манбаъ мегӯяд, ки маълум нест парванда бар асоси кадом модда боз шудааст.

Одинаев гуфтааст, ки волидони духтарча аъзои ҲСДТ буда давоми як сол талош доштанд гумонбари ҷиноят нисбати фарзандашонро ба ҷавобгарӣ кашанд. “Ҷараёни тафтишот зери назорати раҳбарият ҳизб буда, дар сурати зарурат раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров аз манфиатҳои духтари ноболиғ ҳимоя хоҳад кард”, - қайд кард Одинаев.

Зоиров рӯзи 17 июн дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Шаҳрванди 42-сола Ҳ.А. соли гузашта дар говхона ба номуси духтари 12-сола таҷовуз кард. Ӯ бо таҳдид ва истифода аз ҳолати нотавонии духтар ин корро чандин маротиба такрор кардааст. Ду моҳ пештар духтар кӯдак таваллуд карда, ҳозир дар Ҳисор болои духтар ва волидони ӯ фишор оварда мешавад, то ки қазия бо роҳи осоишта ва бидуни оқибат ҳал шавад".

Дар ВКД Тоҷикистон дар посух ба изҳороти Раҳматилло Зойиров гуфтаанд, ки “кормандони милитсия далели таҷовуз ба номусро ба қайд гирифта, айни замон прокуратураи шаҳри Ҳисор ба тафтиши ин далел машғул аст”. Ба гуфтаи волидони духтарча, онҳо қариб як сол пеш ба прокуратура ва шуъбаи корҳои дохилӣ ҷиҳати шикоят аз болои ҳамсояашон муроҷиат карда, лекин аризаашонро қабул накардаанд.

Барномаи рушди СММ ба Тоҷикистон 8 тонна маҳлули зиддиуфунӣ кумак кард

Акс аз бойгонӣ.

Барномаи рушди СММ (БРСММ) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба маблағи 48 ҳазор доллари амрикоӣ хлор ва маҳлули зиддиуфунӣ (8 тонна) кумак кард.

"Кумаки мазкур бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар миёни кормандони муассисаҳои тиббӣ, беморон, коҳиши хатари паҳншавии он ба берун аз муассисаҳои тиббӣ ва ба хотири тақвияти омодагиҳо ба хатарҳои марбут ба ҳамагиршавии коронавирус расонида шуд", - омадааст дар иттилоияи намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон.

Маҳлулҳои зиддиуфунӣ ба бемористонҳои шаҳри Душанбе ва минтақаҳои Тоҷикистон тақсим карда мешавад.

Ин маҳлулҳои зиддиуфунӣ як қисми кумаки 2,7-миллиондолларӣ аст, ки Тоҷикистон дар доираи муборизаҳо бар зидди коронавируси ҳамагир дарёфт хоҳад кард.

Додгоҳи Туркия қарори табдили Аёсуфия ба масҷидро ба таъхир гузошт

Додгоҳи олии Туркия 2 июл баррасии масъалаи табдили Аёсуфия аз музей ба масҷидро ба поён расонд. Давоми 15 рӯзи оянда эълом карда хоҳад шуд, ки Аёсуфия масҷид мешавад, ё музей мемонад.

Масъалаи табдили ин музей ба ибодатгоҳ дар ҳафтаҳои ахир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Туркия мегӯяд, ки ин масъала ба "ҳокимияти миллии он кишвар" рабт мегирад ва касе ҳаққи дахолат кардан ба онро надорад. Раҳбарони калисои ортодоксӣ мегӯянд, ки ин иморат осори муштараки масеҳиёну мусалмонон аст ва бояд музей бимонад.

Айсуфия дар даврони Императории Византия дар соли 537 мелодӣ ҳамчун калисои усқуфи ортодокси юнонӣ сохта шуд. Усмониҳо дар соли 1453 Истанбулро фатҳ ва калисои Аёсуфияро ба масҷид табдил карданд. Дар ниҳоят пас аз эъломи Ҷумҳурии Туркия аз сӯи Мустафо Камол Отатурк, ҳукумат дар соли 1934 ин бинои таърихиро аз масҷид ба осорхона табдил дод.

Аёсуфия аз сӯи созмони ЮНЕСКО ҳамчун мероси ҷаҳонӣ сабт шуда ва мавриди эҳтироми масеҳиёни ва мусалмонон аст. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар чанд соли ахир дар пайи табдил кардани ин музейи таърихӣ ба масҷид аст.

Нуъмон Куртулмус, муовини Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар Ҳизби адолат ва тараққӣ гуфтааст, масъалаи тағйири истифодабарии Аёсуфия, вобаста ба ҳокимияти миллии Туркия аст. Вай таъкид кардааст, танҳо касе, ки ҳаққи тасмимгирӣ дар хусуси вазъияти Аёсуфияро дорад, Туркия мебошад. "Мо ба тавсия ва раҳнамоии касе дар умури дохилӣ ниёз надорем",-гуфтааст вай.

Юнон ба тағйири ин музей ба масҷид ва иқдомоти Раҷаб Таййиб Эрдуғон вокуниш нишон додааст. Ин кишвар пас аз хонда шудани оятҳои қуръонӣ дар Аёсуфия дар охирҳои моҳи май, ин иқдомро "хатшадор кардани эҳсосоти динии масеҳиёни ҷаҳон" хонда буд.

Вазири умури хориҷии Юнон ба Туркия ҳушдор дода буд, ки ба ӯҳдадориҳои байналмилалии худ пойбанд бимонад ва "манфиатҳои дохилӣ ва миллӣ"-и худро бар муҳофизат аз биноҳои муҳиме монанди Аёсуфия, ки мероси ҷаҳонӣ аст, бартарӣ надиҳад.

Раҳбари масеҳиёни ортодокси ҷаҳон низ дар паёме ба Раҷаб Таййиб Эрдугон аз вай хоста буд, аз тасмимаш барои тағйири истифодаи масҷиди Аёсуфия худдорӣ кунад ва гуфта буд, ин иморат "мавриди эҳтимроми мусалмонон ва масеҳиён аст".

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ҳам рӯзи чаҳоршанбе аз Туркия хост, то аз тағйири истифодаи Аёсуфия аз музей ба масҷид худдорӣ кунад. Вай дар ҳисоби корбарии худ дар "Твиттер" навишт, "мо аз ҳукумати Туркия мехоҳем, ки ҳамчунон вазъияти Аёсуфияро ҳамчун музей ҳифз кунад то намунае аз эҳтиром ба оинҳо ва таърихи мазҳабҳо дар Туркия бошад".

Пулиси Узбекистон шиканҷа шудани маҳбуси ҳалокшударо рад кард

Вазорати умури дохилии Узбекистон хабари нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоиро, ки гӯиё Фаррух Хидиров, маҳбуси 45-сола дар зиндони Навоии ин кишвар дар натиҷаи шиканҷа ҷон бохтааст, рад кард.

Фаррух Хидиров, зодаи шаҳри Янгиюли вилояти Тошканд буда, чаҳор бор суд шудааст. Бори охир вайро додгоҳи шаҳрии Янгиюл 18 октябри соли 2018 ҳамчун "ҷинояткори хатарнок" 11 сол зиндонӣ карда буд.

Ба огаҳии вазорат, Хидиров 27 июни соли равон дар маҳбаси № 64/18 бар асари бемории сил даргузаштааст.

Пештар, 13 июн хабар дода шуд, ки Алиҷон Абдукаримови 32-сола дар ҳолати беҳушӣ ва бо нишонаҳои шиканҷа аз идораи пулиси Андиҷон ба бемористон интиқол ёфта, дар шуъбаи эҳёгарӣ ҷон бохт. Марги ӯ баҳсҳои тундеро дар шабакаҳо ба бор овард.

Дертар Вазорати умури дохилии Узбекистон хабар дод, ки дар робита ба ин қазия зидди се маъмури пулиси Андиҷон парванда боз шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Ҳамчунин 5 каси дигар аз мақом барканор шуда, 19 корманди пулис муҷозот шудаанд.

Дар Тоҷикистон 53 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки дар шабонарӯзи гузашта 53 ҳолати гирифторӣ ба бемории COVID-19-ро сабт кардаанд.

Рӯзи 2-юми июл Вазорати тандурустӣ гуфт, дар шабонарӯзи гузашта танҳо 53 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19-ро сабт кардааст. Шумори умумии беморон дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ ба 6058 нафар расида, 77 дарсади онҳо шифо ёфтаанд.

Теъдоди қурбониён 52 нафар мебошад.Бори охир мақомот рӯзи 20-уми июн дар бораи фавти шахси мубтало ба COVID-19 дода буданд. Дар феҳрасти ғайрирасмӣ то 14-ми июн номи беш аз 430 қурбонии эҳтимолии коронавируси навро навиштаанд.

Дар ҳоле, ки кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аз афзоиши босуръати сироятёбӣ ба коронавируси нав хабар медиҳанд, дар Тоҷикистон ин раванд ба қавли мақомот баръакс аст. Аз ҷумла давоми як рӯзи ахир дар Қирғизистон 526 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст, ки баландтарин нишондод шумурда мешавад. Дар Қазоқистон ҳам аз ҳафтаи оянда, чорабиниҳои оммавӣ ва гаштугузори беш аз се нафар дар кӯчаву боғҳо манъ мешавад.

Ҷузъиёти суҳбати Майк Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ

Майк Помпео бо вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Муовини ёвари Вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ дар як гуфтугӯи онлайнӣ ҷузъиёти ҷаласаи навбатии гуруҳи мавсум ба С5+1-ро шарҳ дод. Ҷонатан Ҳеник гуфт, Майк Помпео бо вазирони корҳои хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар мавзӯи мубориза бо COVID-19, рушди иқтисод ва савдо ва амнияти минтақавӣ суҳбат кардаанд.

Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (С5+1) рӯзи 30-юми июн онлайнӣ баргузор шуд. Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии ИМА - Майк Помпео, Қазоқистон - Мухтор Тлеуберд, Тоҷикистон - Сироҷиддин Муҳриддин, Қирғизистон - Чингиз Айдарбеков, Узбекистон - Абдулазиз Комилов ва Туркманистон - Рашид Мередов иштирок карданд.

Ҷаласаи рӯзи 30-юми июн нахустин гуфтугӯи оқои Помпео ва вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна дар қолаби С5+1 пас аз мулоқоти моҳи феврали онҳо дар Тошканд буд.

Ҷонатан Ҳеник, муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар як гуфтугӯи онлайнӣ рӯзи 1-уми июл гуфт, оқои Помпео ба пуштибонии Амрико аз истиқлол, ҳокимият ва тамомияти арзии кишварҳои ОМ таъкид карда ва гуфтааст, ки ин асоси стратегияи кишвараш дар ин минтақа мебошад. Ба гуфтаи ин дипломати амрикоӣ, Майк Помпео ҳамвора таъкид кардааст, ки Амрико ба субот, пешрафт ва амнияти Осиёи Миёна алоқа дорад.

Ӯ гуфт, сиёсати кишвараш ин будааст, ки итминон ҳосил шавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар интихоби манфиатҳои миллии худ озод ҳастанд ва дар тиҷорат, рушд ва муваффақият вобастаи ҳеҷ кишваре набошанд.

"Мо барои Осиёи Марказии пешрафта ва ниҳоят амн, ки ин кишварҳо, Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ фоида барад, кор мекунем,"-гуфт Ҷонатан Ҳеник.

Ба гуфтаи оқои Ҳеник, яке аз мавзуъҳои меҳварии гуфтугӯи рӯзи сешанбе, пандемияи COVID-19 ва таъсири он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ буд. Амрико то ба ҳол барои кишварҳои шарики худ дар минтақа барои пешгирӣ ва назорати ин беморӣ 25 миллион доллар кӯмак кардааст.

Ба иловаи ин, ба унвони саҳмдори пештоз дар ҷаҳон -- дар Сандуқи байналмилалии пул, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Амрико нақши муҳиме дар таҳияи наздик ба 3 миллиард доллар дар кумаки вокунишии COVID-19 ба кишварҳои Осиёи Миёна доштааст.

Масъалаи дигари меҳварии гуфтугӯи Помпео бо ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ тақвият ва устувории иқтисодӣ будааст.

Ба гуфтаи Ҷонатан Ҳеник, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба дунболи ислоҳоти сохторӣ ва дарозмуддат бошанд, ки битавонад суботи сиёсии пойдор, дарозмуддат ва рушди иқтисодиро барои мардум тазмин кунад.

Дар музокироти вазирони умури хориҷии Амрико ва Осиёи Марказӣ субот дар минтақа ба шумули раванди сулҳ дар Афғонистон баҳс шудааст.

"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин бовар аст, ки як Афғонистон босубот ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта барои сулҳ ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бисёр муҳим аст",-гуфт ӯ. "Мо аз ҳамкорӣ ва кӯмакҳои шарикони худ дар С5+1 қадрдонӣ мекунем ва бо ин ҳадафи муштарак талош мекунем",-афзуд вай.

Вохӯрии гуруҳи мавсум ба "С5+1" аз соли 2015 баргузор мешавад. Аз он сол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чаҳорчӯбаи нави ҳамкориро барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ муқаррар кардаанд.

Сафири ИМА аз эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи Гурҷистон ҳушдор дод

Сафири ИМА дар Тифлис Келли Дегнан

Сафири ИМА дар Тифлис Келли Дегнан Гурҷистонро аз эҳтимоли мудохилаи Русия ба интихоботи парлумонии қарибулвуқӯи ин кишвар ҳушдор дод. Дегнан, ки рӯзи 1 июл дар Пажӯҳишгоҳи умури сиёсӣ дар Гурҷистон суханронӣ мекард, гуфт: “Мо мебинем, ки чӣ гуна хабарҳои дурӯғини Русия фаъол ва эҷодкор ҳастанд ва ба бисёр интихоботҳо дахолат мекунанд ва Гурҷистон як ҳадафи воқеӣ аст”.

Ӯ дар идома гуфт: “ИМА, Бритониё ва дигар дӯстони Гурҷистон ба ҷомеа кӯмак мекунанд, ки хабари воқеиро аз дурӯғин фарқ кунанд, матбуотро хондаву мешунаванд ва иттилое, ки онҳо дарёфт мекунанд, дақиқ карда дуруст арзёбӣ бикунанд”. Келли Дегнан гуфт, бо ин ки “далели мушаххасе надорад, фикр мекунам эҳтимоли зиёд аст, ки Русия ба интихоботи Гурҷистон дахолат хоҳад кард”.

Дегнан ба ҳамлаҳои азими рахнагарон ишора кард, ки октябри соли 2019 ду ҳазор вебсайти интернетии Гурҷистонро ҳадаф қарор доданд.

Нурсултон Назарбоев аз коронавирус шифо ёфт

10 марти соли 2020. Нурсултон Назарбоев ба Маскав барои мулоқот бо Владимир Путин рафта буд

Собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки ҳатто баъди тарки мақом карданаш дар соли гузашта дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебошад, тибқи гузоришҳо аз бемории коронавирус шифо ёфтааст. Сухангӯи Назарбоев Айдос Укибай дар Твиттер навишт, ки рӯзи 2 июл тести озмоишии Назарбоев ба коронавирус манфӣ баромад. Чор рӯз баъд Назарбоев 80-сола мешавад.

Укибай навишт, ки мутобиқи машварати духтурон Нурсултон Назарбоев “ҳамоно дар инзиво мемонад, аз дур кор мекунад ва зуд-зуд барои нафаскашӣ ба ҳавои тоза мебарояд”.

Рӯзи таваллуди Назарбоев 6 июл дар Қазоқистон Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад, вале аксарият ин санаро ҳамчун зодрӯзи Назарбоев қабул мекунанд. Баъди 19 марти соли 2019 аз мақом рафтанаш Остона – пойтахти Қазоқистон ба Нурсултон табдили ном кард.

Вале соли ҷорӣ бо сабаби пандемияи коронавирус дар Қазоқистон баргузории маъракаҳои серҷамъият манъ аст ва дар паи ногаҳон боло рафтани оморҳои гирифторони нав, ду ҳафтаи иловагии карантин ҷорӣ шуд.

Назарбоев бори аввал рӯзи 18 июн хабар дод, ки ба коронавирус гирифтор шудааст.

Баъди сӣ соли дар қудрат буданаш хабари ногаҳон ба истеъфо рафтани Назарбоев порсол барои бисёриҳо ногаҳонӣ ва ғайриинтизорӣ буд. Вале ӯ мақомҳои раиси ҳизби ҳокими “Нуротан” ва раҳбарии Шӯрои амниятро ҳифз кардааст. Ӯ инчунин аз мақоми “элбосӣ” – падари миллат ҳам баҳра мебарад. Мунаққидон мегӯянд, ки дар асл Назарбоев раҳбарии кишвари 18-миллионнафариро аз роҳи раҳнамоии президент Қосимжомарт Тоқаев идома медиҳад.

Ихтиёриён барои беморхонаи Ванҷ мошини "Ёрии таъҷилӣ" хариданд

Гуруҳе аз зодагони ноҳияи Ванҷ дар як маъракаи хайриявӣ ба беморхонаи ин ноҳия нақлиёти "Ёрии таъҷилӣ" ва либосҳои муҳофизатӣ тақдим кардаанд.

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор ва аз созмондиҳандагони иқдом ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз зодагони ноҳияи Ванҷ даъват карданд, то ба беморхонаи ин ноҳия кӯмак кунанд.

Ба таъкиди Сулаймонӣ, дар як муддати кутоҳ ин иқдом ҳамовозии зиёд пайдо кард ва онҳо аз моҳи май то имрӯз ба беморхона ва бунгоҳҳои тиббии ноҳияи Ванҷ бештар аз 100 ҳазор сомонӣ кӯмак карданд.

Созмондиҳандагони ин иқдом гуфтанд, бо ин маблағ онҳо барои беморхонаи ноҳияи Ванҷ "Ёрии таъҷилӣ" ва доруҳои зарурӣ барои табобати коронавирус дастрас карданд.

Ин ягона иқдоми кӯмаки шаҳрвандон ба беморхона дар давраи пандемияи коронавирус нест. Қаблан дар шаҳри Хуҷанд ва Душанбе низ ихтиёриён ба беморхона кӯмак карданд.

Дар шароите, ки шикоятҳо аз камбуди маводи лозим дар беморхона зиёд садо медиҳад, кӯмаки мардум хеле зарурӣ гуфта мешавад.

Таҷаммуи ҳомиёни ҳуқуқи Узбекистон бо талаби таҳқиқи марги корманди "UzAutoMotors"

Фаъолони Эътилофи ҳомии ҳуқуқи Узбекистон рӯзи 29-уми июн бо талаби таҳқиқи марги корманди корхонаи мошинсозии шаҳри Асакаи вилояти Андиҷон таҷаммуеро баргузор карданд.

А.С., корманди 53-солаи корхонаи "UzAutoMotors" дар натиҷаи кафидани кӯррӯда ва сари вақт дарёфт накардани ёрии тиббӣ ҷон бохтааст. Ба гуфтаи ҳамкорону наздикони мард, ӯ даҳ рӯз пеш аз фавт ба корфармо аз дарди шикам шикоят карда, хостааст, вайро ҷавоб диҳанд. Вале ба ӯ иҷозат надодаанд, ки маҳалли корро тарк кунад.

Ба иттилои эътилоф, дар таҷаммуи 29-уми июн дар назди корхонаи мазкур, ки ду соат идома ёфт, ҳудуди 50 кас иштирок доштанд.

Раиси эътилоф Елена Урлаева мегӯяд, кормандони корхонаро маҷбур мекардаанд, ки дар шароити "ғайриинсонӣ" кор кунанд.

"Бо баъзе аз кормандон суҳбат кардам. Онҳоро дар корхона маҳкам карда, 15 шабонарӯз кор мефармудаанд. Бар асоси қонунгузории Узбекистон, корманд дар як рӯз бояд 7 соат кор кунад. Вале кормандони корхона аз 12 то 15 соат кор мекунанд. Дар натиҷа як мард ҷон бохт", - афзуд ӯ.

Талошҳо барои дарёфти назари масъулони ​"UzAutoMotors" дар робита ба ин қазия бенатиҷа буданд. Аз рафти таҷаммуъ видеое низ дар интернет нашр шудааст, ки нишон медиҳад иштирокдорон мегӯянд, раҳбарияти корхона коргаронро ҳамчун маҳбус кор мефармояд.

Аз ҳафтаи оянда дар Қазоқистон карантини сахт ҷорӣ мешавад

Комиссияи ҳукуматии Қазоқистон нақшаи эъломи 14 рӯзи карантини сахт дар саросари ин кишварро аз 5-уми июл ба хотири беҳбуди вазъи эпидемиологӣ тасдиқ кард, ки манъи чорабиниҳои оммавӣ, гаштугузори беш аз се нафар дар кӯчаву боғҳоро пешбинӣ мекунад.

Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой рӯзи 2-юми июл дар ҷаласаи ҳукумат ҷузъиёти нақшаро шарҳ дод.

Ҳамин тариқ дар Қазоқистон интиқоли заминии мусофирон ба шаҳру навоҳӣ манъ шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳо маҳдуд мешавад. Парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ бидуни афзоиши шумори кишварҳо идома хоҳанд ёфт.

Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин гуфт, ин карантин вобаста ба вазъи эпидемиологӣ тамдид ё сахттар карда хоҳад шуд.

Манъи фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхона, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳо, бозорҳои пӯшидаи ғизоиву ғайриғизоӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва иншоотҳои фарҳангӣ пешниҳод карда шудааст.

Корхонаҳо муваззаф шудаанд, ки дасти кам барои 80 дарсади кормандони худ фаъолияти фосилавиро ба роҳ монанд.

Шумори расмии умумии мубталоён ба коронавирус дар Қазоқистон то ба имрӯз ба 42,5 ҳазор расида, 188 кас ҷон бохтаанд.

Сабти шумори рекордии мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон

Сардори Идораи беҳдошти умумии Қирғизистон Айнура Акматова рӯзи 2-юми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, давоми як рӯзи ахир дар ин кишвар 526 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст, ки баландтарин нишондод шумурда мешавад.

Шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар Қирғизистон то имрӯз ба 6261 расида, аз ин миён 2530 кас шифо ёфтанд ва 66 нафар ҷон бохтаанд.

Сарвазири Қирғизистон дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки ҳамарӯза шумори катҳоро барои қабули беморони мубтало ба коронавирус афзоиш диҳанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир беш аз 500 кати иловагӣ барои қабули беморон омода шудааст.

Дар ҳукумати Қирғизистон гуфтанд, ки бо дастури сарвазир аз минтақаҳо табибони ихтиёрӣ ба шаҳри Бишкек даъват хоҳанд шуд. Ҳамчунин дастур шудааст, ки маош ва иловапулии табибон сари вақт пардохт шавад.

Дар Туркманистон ба хешовандони мухолифон фишор меоранд

Шаҳри Ишқобод

Дар Туркманистон наздикони муҳоҷиронро ба идораи пулис даъват карда, талаб мекунанд, ки пайвандонашон ба ҳаракатҳои мухолифон дар хориҷ аз ин кишвар напайванданд.

"Дар ноҳияи Марий намояндагони ҳукумат ба хонаи онҳое мераванд, ки наздиконашон дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ қарор доранд. Аз соҳибхона талаб мешавад, ки ҳамроҳи тамоми аъзои хонавода бо шиносномаҳои худ ба идораи пулис ҳозир шаванд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Марий.

Ба гуфтаи хабарнигор, мақомот тамоми онҳоеро ба қайд гирифтаанд, ки наздиконашон дар хориҷ аз Туркманистон қарор доранд.

"Афроде, ки бо сокинон суҳбат мекунанд, худро намояндагони ҳукумати ноҳия муаррифӣ менамоянд. Вале дар асл онҳо кормандони Вазорати амнияти миллии Туркманистонанд", - афзуд ӯ.

Маъмурони амниятӣ аз сокинон талаб мекунанд, ки фарзандон, хоҳар, бародар, волидони онҳо, ки дар хориҷ қарор доранд, ба ҳаракатҳои мухолифон напайванданд.

Талошҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ барои дарёфти назари масъулони ҳукумати Марий дар робита ба ин хабар бенатиҷа буданд.

Мақомоти туркман ин иқдомро баъди он рӯи даст гирифтанд, ки туркманистониҳои муқими кишварҳои хориҷ баргузории таҷаммуъҳои эътирозӣ зидди сиёсати пешгирифтаи ҳукумати президент Қурбонгулӣ Бредимуҳаммадовро оғоз карданд.​

Дар давоми моҳҳои ахир чунин таҷаммуи эътирозӣ дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Туркия, Қибриси Шимолӣ ва шаҳрҳои Вашингтон, Ню-Йорк ва Питсбург баргузор карда шуданд.

Эрон гуфт, дар муассисаи ҳастаии Натанз "ҳодисае" рух дод

Муассисаи ғанисозии урани Натанз

Эрон гуфт, ки дар яке аз муассисаҳои ҳастаии таҳти назари Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ “ҳодисае рух дод”, вале ҳеҷ чизе хароб нашудааст. Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯи созмони энержии ҳастаии Эрон гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи 2 июл дар муассисаи ҳастаии Натанз воқеъ дар Эрони марказӣ рух дод. Ӯ гуфт, ки “амбори саноатӣ”-и воқеъ дар ҳавлии муассиса осеб дид ва ҳеҷ таъсире ба сентрифугаҳои муассиса нарасонид. Дар гузашта ҳеҷ хабаре дар бораи эҳтимоли роҳандозӣ шудани корҳои сохтмонӣ дар Натанз набуд. Натанз маркази аслии ғанисозии уран дар Эрон буда, дар 250-километрии ҷануби Теҳрон ҷойгир аст. Дар ин муассиса зербиноҳое дар умқи 7,6 метр вуҷуд доранд, ки барои ҳимоят аз ҳамлаҳои ҳавоӣ сохта шудаанд. Камолвандӣ гуфт, ки ин ҳодиса ҳеҷ хисороте надошта ва ба фаъолиятҳои кунунии муассиса таъсире нарасонид”.

Бар асоси созиши ҳастаии соли 2015-и қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон, Натанз яке аз маконҳои мавриди назорати Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ (IAEA) мебошад. Президенти ИМА Доналд Трамп ба таври якҷониба моҳи маи соли 2018 аз ин созиш берун шуд. Бъди ин Эрон ҳама маҳдудиятҳоро аз байн бурд, вале ҳамоно нозирони IAEA-ро барои дидани муассиса роҳ медиҳад.



Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG