Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Окруашвилиро дар Порис ба зиндон андохтанд


Вазорати дохилаи Фаронса мегуяд, Ираклӣ Окруашвилӣ-раҳбари табъидии мухолифони Гурҷистон имруз баъд аз интиқолаш аз Олмон ба Порис ба зиндон андохта шудааст. Герард Гачет-сухангуи вазорати дохилаи Фаронса гуфтааст, то замоне, ки расидагӣ ба дархости Окруашвилӣ дар бораи дарёфти паноҳандагӣ идома меёбад, вай дар зиндон ба сар хоҳад бурд. Окуруашвилӣ-собиқ вазири дохилаи Гурҷистон моҳи ноябри соли 2007 бино ба муқаррароти бозҷуии байналмиллалӣ дар Олмон ба ҳабс гирифта шуд. Вай дар Гурҷистон барои суистифода аз мақом ва ришвахорӣ муттаҳам дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG