Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи пешини Толибон ҳокими Мӯсоқалъа таъин шуд


Як фармондеҳи собиқи Толибон ҳокими ноҳияи Мӯсоқалъаи вилояти Ҳилманди Афғонистон таъин шуд. Мулло Абдусалом, ки дар гузашта фармондеҳи Толибон буд, бо ҳукумат пайваста ба нирӯҳои давлат ва қувваҳои эътилофи таҳти раҳбарии НАТО ёрдам кард, ки ин минтақа дубора таҳти назорати давлат дарояд. Сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон мегӯяд, Абдусалом содиқона аз сиёсатҳои ҳукумат пуштибонӣ мекунад. Нирӯҳои давлатӣ ва эътилофӣ бозгардони Мӯсоқалъаро пас аз 10 моҳи тасарруфи Толибон яке аз бузургтарин комёбиҳои ҳарбӣ дар соли гузашта медонанд.
XS
SM
MD
LG