Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тарҳи Қонун доир ба омбудсмен


Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон имрӯз душанбе, 7 январ тарҳи Қонун доир ба масъули ҳуқуқи башарро баррасӣ ва барои натиҷагирӣ ба кумитаҳои палатаи поёнии порлумон ирсол кардааст.
Бар асоси ин тарҳ, таъйин ва озод кардани масъули ҳуқуқи башар ба салоҳияти президент ва порлумони Тоҷикистон вогузор шудааст, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ нафари масъулро пойбанди иродаи онҳо месозад.
Омбудсмен ва масъули ҳуқуқи башар - як мақоми мустақили ҳомии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки бо ҳадафи таҳкими ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ, ҳифз ва риояти ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG