Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон мухолифи амалиёти нерӯҳои хориҷӣ


Ҳукумати Покистон мегӯяд, ба ҳеҷ кишваре иҷоза нахоҳад дод, ки ба хотири ҷустуҷӯи тундравони исломӣ дар қаламрави Покистон амалиёти низомӣ анҷом диҳад. Пеш аз ин баёнияи сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон Муҳаммад Содиқ, рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" гузориш дод, давлати Амрико дастуреро баррасӣ мекунад, ки ба нерӯҳои Амрико иҷоза медиҳад, дар қаламрави Покистон амалиёти пуршиддати махфӣ анҷом диҳанд. Парвиз Мушарраф раиси ҷумҳури Покистон мегӯяд, ки нерӯҳои кишвараш дар ҳоли ҷустуҷӯи аъзои Ал-қоида ва ҷангҷӯёни Толиб ҳастанд. Аммо вай дар мусоҳибае бо як телевизиони амрикоӣ гуфт, сарбозони Покистон бахусус дар ҷустуҷӯи Усома Бен Лодан раҳбари Ал-қоида нестанд, зеро ҳеҷ далели ҳузури вай дар хоки Покистон вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG