Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф ба бегуноҳии мақомот таъкид кард


Раиси ҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф иддаъоҳо доир ба даст доштани хадамоти махфии иттилоотӣ ва ё низомии ин кишвар дар қатли раҳбари мухолифон Беназир Бҳутторо рад кард. Парвиз Мушарраф ба хабарнигорон гуфт, муфаттишони бритониёниро барои кӯмак дар таҳқиқи қатли Беназир Бҳутто давъат кард, то ҳар гуна шубҳаҳо доир ба даст доштани мақомот дар марги хонум Бҳутторо рафъ созад. Ҳизби Мардуми Покистон фарзияи ҳукуматро рад кард, ки мегӯяд, қатли Беназир Бҳутто амали дасти тундравони тарафдори Толибон аст. Ба гуфтаи тарафдорони ҳизб, хонум Бҳутто на аз захми тир, балки бар асари зарба ба сараш ҷон додааст.

XS
SM
MD
LG