Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар маросими ҷаноза


Дар як маросими ҷаноза дар оромгоҳи канори минтақаи Заюна, воқеъ дар шарқи Бағдод як маргталаб камарбанд бо маводи таркандаро инфиҷор кард. Дар ин ҳодиса дасти кам 28 нафар кушта ва 33 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Заюна минтақаест, ки он ҷо ҳам сунниҳо ва ҳам шиаҳо ба сар мебаранд. Дар оромгоҳ як низомии воломақоми собиқи ироқиро ба хок месупурданд, ки чаҳор рӯз пеш бар асари таркиши бомб дар маркази Бағдод кушта шуда буд.

XS
SM
MD
LG