Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни тахриби бино ба 35 нафар расид


Дар шаҳри Искандарияи Миср аз зери харобаҳои бинои истиқоматӣ ҷасадҳои қурбониёни нав берун карда шуданд. Ин бино як ҳафта пеш фуру рехта буд ва бар асари фоҷиа, тибқи иттилоъи ахир, 35 нафар ба ҳалокат расиданд. Наҷотбахшон аз зери харобаҳои бино се нафари зиндамондаро берун карданд.

Ба иттилоъи шаҳрдорӣ, ин бино 25 соли қабл бидуни иҷозаи расмӣ бунёд шуда буд.

XS
SM
MD
LG