Cарвазири Жопун Ясуо Фукуда имрӯз сафари расмияш ба Чинро оғоз кард. Дар дидори ӯ бо мақомоти Чин масъалаҳои тағйир иқлим ва ваъдаи Кореяи Шимолӣ ба тахриби иншооти ҳастаияш баррасӣ хоҳад шуд. Сарвазири Чин, Вен Ҷябао баъд аз ин мулоқот гуфт, муносибатҳои муташанниҷи Чину Жопун ба давраи нармиш ворид мешаванд. Интизор меравад, дар мулоқотҳои Пекин чанд созишномаи муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расад.