Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо истифодаи беш аз ҳадди нерӯ ба зидди тарафдорони мухолифини Қирғизистонро маҳкум кард. Ин созмон ҳукумати Қирғизистонро танқид кард, ки фаъолони ҳуқуқ ва пайравони аҳзоби мухолифро “бо дуруштӣ ва ноодилона” боздошт кардааст. Ин афрод ба зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе 23 декабр дар Қирғизистон тазоҳурот карда буданд. Ҳизби Ақжоли раиси ҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар ин интихобот, ки ба гуфтаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор нашуд, ғолиб омада ва аксари курсиҳои порлумонро аз они худ кард.