Дар шимолу ғарби Покистон бар асари инфиҷор дар як масҷид аз 35 то 50 нафар кушта шуда, даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки теъдоди қурбониён шояд афзоиш биёбад.
Маргталаб худро дар масҷиди як деҳаи воқеъ дар 40 километрии шаҳри Пешовар дар ҳоле инфиҷор кард, ки он ҷо собиқ вазири умури дохилаи Покистон Офтоб Хон Шерпао ва писараш намози иди Қурбонро адо мекарданд. Ба иттилоъи расмӣ, ба Шерпао осебе нарасидааст. Офтоб Хон Шерпао аз афроди қарин бо раиси ҷумҳур Парвиз Мушарраф ва яке аз муборизон алайҳи ифтрогароист.
Тайи соли равон собиқ вазири умури дохилаи Покистон бори дуввум мавриди сӯиқасд қарор мегирад. Моҳи апрел дар як ҳамлаи террористӣ Шерпао маҷрӯҳ шуда буд. Дар он ҳодиса 30 кас кушта шуда, даҳҳо нафар ҷароҳат бардошта буданд.