Имруз Муҳаммад Сайидӣ-муовини раиси созмони энержии ҳастаии Ирон гуфт, интиқоли сухти ҳастаии Русия ба корхонаи ҳастаии Бушеҳри Ирон равобити стротегии Маскав ва Теҳронро таҳким хоҳад бахшид. Ҳам Амрико ва ҳам Русия баъд аз интиқоли нахустин сухти ҳастаии Русия ба корхонаи Бушеҳр гуфтанд, ки акнун дар Ирон зарурате барои ғанисозии урниюм боқӣ намемонад. Аммо Ирон ҳамчунон мегуяд, ки ғанисозии урониюмро барои реоктури дигари худ идома медиҳад.