Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳ.Карзай аз Покистон боздид мекунад


Имруз вазорати хориҷаи Покистон эълон кард, ки Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳафтаи оянда аз Покистон боздиди расмӣ ба амал хоҳад овард. Муҳаммадсодиқ-сухангуи вазорат гуфтааст, рузҳои 26-ум ва 27-уми декабр оқои Карзай бо Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури Покистон ва соири шахсиятҳои расмӣ дидор ва гуфтугу хоҳад кард. Солҳои ахир муносиботи Покистону Афғонистон тира шуд. Афғонистон Покистонро муттаҳам кард, ки барои мубориза бо Толибон дар манотиқи марзии худ ба таври кофӣ фаъолият намекунад.
XS
SM
MD
LG