Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс вориди Ироқ шуд


Кондализа Райс, Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида бо як сафари ғайриинтизор вориди шаҳри Киркуки Ироқ шуд. Ба иттилоъи намояндаи вазорати хориҷаи Амрико, Райс мехоҳад мақомоти Ироқро барои суръат бахшидан ба раванди мусолиҳаи миллӣ даъват кунад.

Ба иттилоъи расмӣ, шурӯъ аз моҳи июни соли равон теъдоди инфиҷору ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Ироқ 60 дар сад коҳиш ёфт. Ва аммо Вошингтон чораҳои андешидаи ҳукумати Ироқ барои хатми низоъ миёни гурӯҳҳои қавмиву мазҳабиро нокофӣ мехонад.

XS
SM
MD
LG