Раъӣдиҳӣ барои интихоботи раиси ҷумҳури нави Лубнон дар порлумони кишвар бори нуҳӯм мавқуф гузошта шуд. Набӣ Беррӣ, раиси порлумони Лубнон имрӯз баъди музокирот бо раҳбарони неруҳои сиёсии кишвар тасмим гирифт, ки раъӣдиҳиро ба рӯзи 22 декабр гузаронад.
Эътилофи ҳукмрон ва мухолифин ба натиҷае расиданд, ки генерал Михел Сулаймон раиси ҷумҳури нави Лубнон интихоб шавад ва аммо ин неруҳо бояд як созиши густардатари сиёсиро имзо кунанд. Шурӯъ аз рӯзи 23 ноябр, баъди хатми мӯҳлати ваколати раиси ҷумҳурии пешин Эмил Лоҳуд курсии президенти Лубнон холист.