Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Харитаи роҳи" ҷилавгирӣ аз тағйироти иқлим қабул шуд


Ширкатдорони конфронси муҳити зисти СММ, ки дар Индонезӣ ба анҷом расид, ба тавофуқ расиданд, ки то соли 2009 дар самти қабули аҳдномае дар роҳи ҷилавгирӣ аз тағйироти иқлим гуфтушунид хоҳанд кард. Ин як тавофуқе буд, ки дар шароити баҳсҳои хеле шадид ва душвор бар сари коҳиши партобҳои газҳои гулхонаӣ ҳосил шуд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун бо ситоиш аз оғози ба истилоҳ "харитаи роҳи Балӣ" чун як иқдоми аввалияи хеле муҳим гуфт, ки тадобири мазкур барои муқобила бо гармоиши иқлим ва паёмадҳои он мусоидат хоҳад кард. Дар муроҷит ба ширкатдорони нишаст ӯ гуфт:

"Аз фурсат истифода кунед, аз фурсате, ки барои беҳбудии тамоми башар нигаронида шудааст. Чанд рӯз пеш ман гуфтам, ки мо дар як чорраҳае қарор дорем, ки як ҷоддааш ба сӯи қабули созишномаи нави ҷаҳонии муҳити зист ҳидоят мекунаду дигаре ба самти хиёнати сайёраву фарзандони мо мебарад. Шумо бояд яке аз ин роҳҳоро интихоб кунед".

Нақшаи нави роҳандозии гуфтушунидҳо баъди он пазируфта шуд, ки ИМА тасмими пешинаи худро барои радди қабули чунин созиш бозбинӣ кард. Қарордоди нав бояд баъди анҷоми мӯҳлати амали Протоколи Киото дар охири соли 2012 ҷанбаи амалиро касб кунад.
XS
SM
MD
LG