Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гозҳои гулхонаӣ коҳиш меёбанд?


Конфронси Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи гармоиши замин ба марҳалаи ниҳоии худ наздик мешавад. Дар ин конфронс роҳҳои коҳиши гозҳои гулхонаӣ, ки ба иқлими сайора таъсир мерасонад, баррасӣ шуд. Эътибори Протоколи Киото дар бораи коҳиши гозҳои гулхонаӣ соли 2012 ба поён мерасад. Ба ин далел, ширкаткунандагони конфронси Балӣ маҷмуъи тадобиреро баррасӣ карданд, ки тибқи он бояд то соли 2020 кишварҳои санъатии ҷаҳон гозҳои гулхонаии худро аз 25 то 40 дарсад коҳиш диҳанд. Аммо Амрикову Ҷопон ва баъзе кишварҳои дигар ба чунин тадобир мухолифат нишон доданд ва гуфтанд, ки ин тадобир доманаи музокиротро маҳдуд мекунад. Иттиҳодияи Аврупо Амрикоро муттаҳам кардааст, ки ба чунин тавофуқот мухолиф аст. Ин иттиҳодия таҳдид кардааст, ки моҳи оянда дар мулоқоте, ки роҷеъ ба тағири иқлим Амрико баргузор мекунад, ширкат нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG