Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Эрону Русия дар робита ба Бушеҳр


Бино ба гузоришҳо, Русия ва Эрон ихтилофоти назар дар робита ба бунёди нерӯгоҳи барқи атомии Бушеҳрро рафъ карда ва барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он ҷадвали замонӣ таҳия кардаанд. Сергей Шматко - мудири ширкати Атомстройэкспорт, ки нерӯгоҳи Бушеҳрро месозад, гуфт, ки ҷузъиёти ин ҷадвали замонӣ охири моҳи равон эълом хоҳад шуд. Бинобар ихтилофоти Русияву Эрон дар робита ба пардохти саривақтии маблағ, интиқоли сӯзишвории атомӣ ва дигар масъалаҳо, замони мавриди баҳрарадорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳи Бушеҳр чандин маротиба ба таъхир афтод.
XS
SM
MD
LG