Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба қатли генерали Лубнонӣ


Ҷомеаи байналмилалӣ қатли генерали артиши Лубнон Франсуа Ал-Ҳаҷҷро маҳкум кард. Генерал Ал- Ҳаҷ рӯзи чаҳоршанбе 12 декабр ҳангоми таркиши мошинаш дар ҳошияи шаҳри Бейрут ҳамроҳи муҳофизаш ба ҳалокат расид. Интизор мерафт, ки Франсуа Ҳаҷҷ ҷойгузини фармондеҳи артиши Лубнон генерал Мишел Сулаймон шавад, ки эътилофи ҳукмрон ва ҳизбҳои мухолиф барои интихоби ӯ ба мақоми раиси ҷумҳури ояндаи Лубнон тавофуқ карда буданд.
Бан Ги Мун дабири кулли Созмони Милал қатли генерали Лубнониро маҳкум ва нерӯҳои сиёсии ин кишварро ба оромиву хештандорӣ даъват кард. Сурияву Эрон низ ин амалро маҳкум карданд ва дар айни ҳол Амрико ҳамларо разилонаву номардона номид.
XS
SM
MD
LG