Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври нави музокироти Эрону ОБЭҲ шурӯъ шуд


Имрӯз дар Теҳрон даври нави музокироти ҳастаии Эрону бозрасони СММ шурӯъ шуд. Фиристодаи Эрон дар Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ (ОБЭҲ), воқеъ дар Вена ба хабаргузории Форс гуфт, ки ҳайати бозрасон барои анҷоми як мулоқоти серӯза рӯзи якшанбе вориди Теҳрон шудааст. Моҳи август Эрону Оҷонси энержии ҳастаӣ ба тавофуқ расиданд, ки дар фурсати таъйиншуда Теҳрон ба ҳама масоили мавриди нигаронӣ дар мавриди фаъолиятҳои ҳастаиаш посух хоҳад дод. Моҳи гузашта ОБЭҲ гузориши баҳсбарангезеро роҷеъ ба Эрон нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, ҳамкории Теҳрон бо ин ниҳоди вобаста ба СММ на дар ҳама масъалаҳо ба чашм мехӯрад.
XS
SM
MD
LG