Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Туркманистон баргузор шуд


Бино ба иттилоъи Кумиссиёни Марказии Интихоботи Туркманистон, дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе дар ин кишвар, тақрибан 99 дар сади раъйдиҳандагон ширкат варзидаанд. Аммо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Туркманистон гузориш дод, ки дар ду соати аввали интихобот раъйдиҳандагон ширкати фаъол надоштанд ва ҳамчунин мавридҳои зиёди раъйдиҳӣ аз номи аъзои хонавода мушоҳида мешуд. Интихоботи порлумон Туркманистон Халқ Маслаҳатиро, ки ба ҳукумат сахт пойбанд аст, нозирони хориҷӣ назорат намекунанд ва ба гуфтаи мақомот қонунмандии интихоботро нозирони дохилӣ назорат карданд.
XS
SM
MD
LG