Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кузманович пешсафи интихоботи Сербҳои Боснӣ


Ба эҳтимоли ғолиб Райко Кузманович раиси ҷумҳурии нави Сербҳои Боснӣ хоҳад шуд. Бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвари хурди Югославияи собиқ, сиёсатмадори 76- сола 44 дар сади раъйи мардумро дар интихоботи рӯзи якшанбе ба даст овардааст. Рақиби ӯ Огнйен Тадич 33 дар сади раъйи интихобкунандагонро аз они худ кардааст. Раиси ҷумҳури пешини Ҷумҳурии Сербҳои Боснӣ Милан Йелич моҳи сентябр ба иллати бемории дил даргузашт. Райко Кузманович узви ҳизби Иттиҳоди сотсиал демократҳои мустақили Ҷумҳурии Сербҳои Боснӣ мебошад, ки аъзои ин ҳизб аксари мақомҳои муҳими ин кишварро дар даст доранд.
XS
SM
MD
LG