Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибонро аз Мусоқалъа берун мекунанд


Нерӯҳои паймони Нато ва артиши Афғонистон бо кумаки чархболҳо амалиёти ишғоли шаҳри Мусоқалъаро оғоз намудаанд. Ин шаҳри ҷанубии Афғонистон аз моҳи феврал ба ин тараф таҳти тасарруфи Толибон қарор дорад.
Зоҳир Азимӣ-сухангӯи вазорати мудофиаи Афғонистон мегӯяд, нерӯҳои Нато ва артиши афғон Мусоқалъаро ба муҳосира гирифтаанд ва чархболҳо истеҳкомҳои ҷумбиши ифротгарои исломиро оташборон мекунанд. Азимӣ афзуд, ки аснои ҳамла 12 ҷангҷӯй ва 2 кӯдак кушта шуданд.
Тахмин мешавад, ки амалиёт чанд рӯз идома хоҳад дошт. Мусоқалъа ягона гӯшаи зери назорати Толибон дар манотиқи марказии Афғонистон аст. Онҳо моҳи феврал баъди беруншавии сарбозони британиявӣ Мусоқалъаро ишғол карда буданд. Аслан тибқи созиш нерӯҳои Британия масъулияти таъмини назму суботи ин шаҳрро ба пирони ин минтақа супурда буданд.
XS
SM
MD
LG