Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тонӣ Блейр ноумед нашудааст


Тонӣ Блейр - намояндаи вижаи чаҳоргона дар умури Ховари Миёна, гуфт, созиш дар мавриди таъсиси кишвари мустақили Фаластиниён дар соли 2008 имконпазир аст, вале фурсати зиёд лозим хоҳад шуд, то ин кишвар ба пойи худ биистад. Нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт ва раиси ҷумҳурии Ташкилоти Худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ҳафтаи гузашта дар шаҳри Аннаполиси Амрико тавофуқ карданд, то созиш дар мавриди таъсиси кишвари мустақили Фаластин то охири соли оянда имзо шавад. Аммо Тонӣ Блейр эътироф кардааст, ки баъзеҳо бовар надоранд, ки ин созиш то замони анҷоми раёсати ҷумҳури Ҷорҷ Буш дар соли 2008 ба имзо мерасад.
XS
SM
MD
LG