Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахши барномаҳои Имедӣ барқарор мешавад


Имрӯз додгоҳи Гурҷистон ҳисобҳои бонкии шабакаи мустақили телевизиони Имедиро боз намуда, иҷозат дод, ки фаъолияташро аз сар гирад. Ибтидои моҳи гузашта аснои таъқиби гирдиҳамоиҳои мухолифини ҳукумат мақомоти Гурҷистон фаъолияти телевизиони Имедиро манъ карда буданд. Мухолифини гурҷӣ ва мамолики ғарбӣ аз мақомот дархост намуда буданд, ки дар арафаи интихоботи президентии 5-уми январ ба пахши барномаҳои телевизиони Имедӣ иҷозат диҳанд. Рӯзи чоршанбеи 5-уми декабр ниҳоди нозири мухобироти Гурҷистон муҷаввизи Имедиро барқарор карда буд.
XS
SM
MD
LG