Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко сарвазири Украина мешавад?


Эътилофи ҳизбҳои рӯ ба Ғарби Украина хонум Юлия Тимошенкоро ба вазифаи сарвазири ин кишвар пешбарӣ кардааст. Соли 2004-ум дар паи инқилоби норанҷӣ Тимошенко муддати кӯтоҳе вазифаи сарвазири Украинаро бар ӯҳда дошт.
Эътилофи миёни ҳизбҳои "Украинаи мо"-и президенти Украина Виктор Юшенко ва ҷумбиши Юлия Тимошенко вазири корҳои хориҷии ин кишвар Арсений Ятсенюкро ба мақоми раиси парламент пешбарӣ кардааст. Дар Маҷлиси қонунгузори Украина эътилофи ҳизбҳои рӯ ба Ғарб дар муқоиса бо мухолифинашон як раъй бештар доранд.
XS
SM
MD
LG