Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Туркия барои амалиёт дар Ироқ иҷоза дорад


Ҳукумати Туркия ба артиши кишвар барои интиқоли неруҳо ба шимоли Ироқ ба хотири баргузории амалиёти низомӣ алайҳи ҷудоихоҳони курд иҷоза дод. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия имрӯз зимни суханронӣ аз тариқи телевизион гуфт, ки ҳадаф фақат аз байн бурдани таҳдиди ҳамла ба Туркия аз сӯи мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон аст.

Бо вуҷуди талошҳои зиёди Вошингтон барои ҷилавгирӣ аз вуруди неруҳои Туркия ба шимоли Ироқ, Анкара пайваста ҳушдор медод, ки алайҳи ҷудоихоҳони курди мустақар дар шимоли Ироқ амалиёти низомӣ доир мекунад.

XS
SM
MD
LG