Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми аврупоӣ роҷеъ ба равобити Эрону Толибон


Як мақоми баландпояи амниятии Аврупо гуфт, ки Эрон дар ҳоли гуфтугӯ бо Толибон аст, аммо дар робита ба Ал-Қоида мавқеи духӯра дорад. Аугуст Ҳаннинг, муовини вазири умури дохилаи Олмон ва раиси собиқ хадамоти ҷосусии ин вазорат гуфт, ки вай эътимоди қавӣ дорад, ки Эрон бо Толибон музокира мекунад. Ҳаннин таъкид кард, ки Эрон инчунин чанд раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоидаро дар боздошт нигоҳ медорад ва эҳтимол мехоҳад онҳоро чун василаи доду ситад бо Ғарб истифода кунад. Ба Амрико муҳим аст, ки роҷеъ ба равобити Теҳрон бо Толибон ва Ал-Қоида иттилоъ дошта бошад, чунки Вашингтон нигарон аст, ки онҳо метавонанд дар ҳамлаҳои зидди Амрико даст дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG