Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи нави Амрико дар Ховари Миёна


Вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс фиристодаи нави ИМА дар масоили амниятии Ховари Миёнаро таъйин кард. Ин шахс фармондеҳи собиқи НАТО генерали мустаъфии нирӯҳои дарёӣ Ҷеймс Ҷонс аст, ки Райс аз ӯ чун шахси муҳиме барои анҷоми ин рисолат ёд кард. Ҷеймс Ҷонс дар НАТО вазифаи фармондеҳи олии нирӯҳои муштараки Аврупоро то соли 2006 иҷро кардааст.

XS
SM
MD
LG