Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон хостори бозгардони «Хазинаи Амударё» аз Бритониё


Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар ҷаласаи ҳукуматӣ дубора масъалаи бозгардонии бозёфтҳои таърихии мавсум ба «Хазинаи Амударё» аз Бритониё ба Тоҷикистонро дар миён гузошт. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни баррасии вазъи осорхонаҳои ин кишвар таъкид кард, «Хазинаи Амударё», ки феълан дар Осорхонаи Бритониё маҳфуз аст, моли Тоҷикистон аст ва бояд ба Тоҷикистон баргардонида шавад. Бори аввал оқои Раҳмон дар моҳи апрели имсол дар ҷараёни боздиди худ аз шаҳраки Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиён ин гуна изҳорот дода буд. Гуфта мешавад, ин хазина, ки беш аз 170 порча ёдгории қарнҳои 5 ва 4-и то милод, аз ҷумла, ҷавоҳирот ва кӯзаву муҷассамаву дигар маҳсулоти тиллоиву нуқрагинро дарбар мегирад, соли 1877 дар қаламрави феълии Тоҷикистон ошкор шудааст. Кишоварзони маҳаллӣ ин хазинаро ба тоҷирони бухороӣ ва онҳо дар навбати худ ин ганҷи бебаҳоро дар Ҳиндустон ба инглисҳо фурӯхтаанд. Ва аммо муаррихони тоҷик мегӯянд, ки бо назардошти муқаррароти осорхонаи Бритониё, ба баргардонии «Хазинаи Амударё» чандон умеду эътимод надоштаанд.
XS
SM
MD
LG