Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ҳаёти 14 роҳсози афғонро аз байн бурд


Мансабдорони афғон мегӯянд, ҳафтаи равон ҳавопаймои низомии паймони Нато як урдугоҳи роҳсозонро бомбаборон кард. Дар натиҷа 14 роҳсози афғон ҳалок шуданд.
Волии вилояти Нуристони Афғонистон иброз дошт, ки ин устон баъди нашри иттилоъ дар бораи ҳузури Толибон мавриди ҳамла қарор гирифт. Нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF), ки зери назорати паймони Нато қарор доранд, тасдиқ мекунанд, ки 26-уми ноябр ҳавопаймоҳо минтақаро бомбаборон карданд, вале онҳо дар бораи талафот иттилое надоранд. Соли равон нерӯҳои ИМА ва паймони Нато мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буданд, зеро дар амалиёти онҳо бар зидди Толибон шумораи талафот миёни мардуми осоишта зиёд будааст.
XS
SM
MD
LG