Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти артиши Покистон дар Сват шиддат мегирад


Артиши Покистон амалиёти худро дар водии шимолуғарби Сват шиддат бахшид. Сухангӯи низомӣ генерал-майор Воҳид Аршад гуфт, ки дар рӯёрӯиҳои ахир 20 ҷангии пуштибон аз Толибон кушта шуданд. Сухангӯи волии маҳаллӣ Аҳмад Иқбол гуфт, ки сокинони маҳалли атроф ҳамоно ба тарки маконҳои зисти худ идома медиҳанд ва феълан ҳудудан 2400 нафари бесарпаноҳ дар сохтмони мактаби маҳаллӣ ҷо дода шудаанд. Артиш мегӯяд, ки нобудсозии рӯҳонии маҳаллӣ Мавлоно Файзуллоҳро ҳадаф қарор додааст, ки рисолаташ эҷоди шариати исломӣ дар ин минтақа буда бо ин ҳадаф ҷангиёнро ба ҷиҳод даъват кардааст.

XS
SM
MD
LG