Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лубнон як ҳафта бе раҳбар хоҳад буд


Имруз ба порламони Лубнон муяссар нашуд, ки аз имкони худ барои интихоби раиси ҷумҳур истифода кунад. Баъд аз он ки Эмил Лаҳуд-раиси ҷумҳури ҷонибдори Сурия шобонгоҳи гузашта аз мақоми худ канор рафт, ҳоло дар раҳбарии Луюнон халое ба вуҷуд омадааст. Бисёриҳо бим доранд, ки чунин вазъ метавонад ба нооромиҳо дар Лубнон мунҷар шавад. Порламон иҷлоси навбатии худро барои 30-юми ноябр пешбинӣ кардааст. То он вақт, яъне то як ҳафтаи дигар Лубнон раиси ҷумҳур нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG