Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони САҲА ба Қирғизистон мераванд


Ниҳоди аслии нозири интихоботии Аврупо гуфт, ки ҳайъати иборат аз 270 нозирро ба интихоботи 16 декабри Қирғизистон ирсол хоҳад кард. Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар, ки шохаи нозири интихоботии САҲА маҳсуб мешавад, гуфтааст, ки моҳи ҷорӣ 20 нозири дарозмуддатро ба Қирғизистон мефиристад. Николай Вулшанов, раиси ин ҳайъат афзуд, тақозо ин аст, ки барои назорат аз интихоботи парлумонии Қирғизистон 250 нафар фиристода шавад. Раиси ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев интихоботи қарибулвуқӯъро як гоме ба самти бедории конситутсионии кишвараш унвон кардааст. Ислоҳоти қонуни Қирғизистон шеваи интихоби парлумонро тағйир дода баъзе салоҳиятҳои раиси ҷумҳуриро кам мекунад.
XS
SM
MD
LG