Пулиси Ироқ мегӯяд, имрӯз 21 ноябр як маргталаб мошини бобмгузоришудаи худро ба бинои як додгоҳи шаҳри Рамодӣ кубида ва дасти кам чаҳор нафарро кушт. Дар ин ҳамла шаш нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Ноҳияи Рамодӣ воқеъ дар ғарби Ироқ, дар гузашта аз такягоҳҳои аслии шуришиёни суннимазҳаб маҳсуб мешуд. Баъди пайвастани қабилаҳои зиёди маҳаллӣ ба муборизаи нерӯҳои Амрико ба зидди созмони Ал-қоида дар Рамодӣ, ин ноҳия, имсол оромтар шуд.