Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди таъсиси шӯрои муҳоҷирон


Шӯрои сиёсати иҷтимоии Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё пешниҳод кардааст, дар сохтори ин созмон Шӯрои нави оид ба сиёсати муҳоҷират таъсис дода шавад. Серик Примбетов, муовини дабири куллии Созмони АвруОсиё, дирӯз дар пайи нишасти Шӯрои сиёсати иҷтимоии ин созмон дар Душанбе гуфт, Шӯрои оид ба сиёсати муҳоҷирати Созмони АвруОсиё ба манзури ҳалли мушкилоти марбут ба муҳоҷирони корӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи онон бояд рӯйи кор ояд. Оқои Примбетов, изҳори умед кард, ки ниҳоди нав дар ҳайати Созмони АвруОсиё дар соли ояндаи 2008-ум ба кори худ шурӯъ мекунад ва аз ин пешниҳод Шӯрои байнидавлатӣ ва мақомоти дигари Созмони АвруОсиё пуштибонӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG