Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хисороти ҷониву молии "Сидр"


Теъдоди қурбониёни туфони "Сидр" дар Бангладеш беш аз 3 ҳазор нафар ҳисоб шудааст. Дар ин бора имрӯз шабакаи телевизионии CNN хабар дод. Ва аммо Созмони Ҳилоли Аҳмари Бангладеш ҳадс мезанад, ки шумораи қурбониёни ин офати табиӣ тақрибан 10 ҳазор нафар аст. Бар асари ин туфон садҳо ҳазор манзили зист ва дигар биноҳо тахриб шудаанд. Наҷотбахшон ба бархе аз манотиқи дурдасти офатзада фақат ҳамин рӯз расиданд.

Мақомоти Бангладеш мегӯянд, ки тӯфон ҳамчунин ҳосили биринҷ ва дигар навъҳои зироатро дар бархе аз манотиқ комилан аз байн бурдаст. Гуфта мешавад, ки айни ҳол садҳо ҳазор сокинони кишвар ба маводи озуқа, оби тоза, дорувор ва сарпаноҳ ниёз доранд.

XS
SM
MD
LG