20 хонавода аз ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ихтиёран ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кӯчонида мешавад.
Ба гуфтаи роҳбари бахши муҳочирати идораи давлатии ҳифзи ичтимоū, шуғли аҳолū ва муҳочирати ВМКБ Дороншо Кабутаршоев, тибқи барномаи давлатӣ, ба ҳар як аз ин хонаводаҳо барои сохтмони манзил дар зистгоҳи нав бо маблағи 1.5 ҳазор сомонū қарзи боимтиёз дода хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, дар ҷамъ 50 оила аз ВМКБ ба вилояти Хатлон кӯчонда хоҳад шуд ва бо ин мақсад дар асоси фармони ҳукумати кишвар барои муҳочирон дар ноҳияи Хуросон зиёда аз 8 гектар замин ҷудо карда шудааст.