Бегаҳи дирӯз дар Боку – пойтахти Озарбойҷон Имрон Ғозиев – яке аз раҳбарони созмони чеченҳои муқими ин кишвар кушта шуд. Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "куштори барқасдона" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Созмони чеченҳои Озарбойҷон ин кушторро "сиёсӣ” арзёбӣ кардааст, зеро Имрон Ғозиев бо мушкили паноҳандагони чечен сару кор дошт. Ба иттилоъи намояндаи созмони чеченҳо, солҳои ахир дар Озарбойҷон даҳҳо чеченҳо кушта ё рабуда шуданд.