Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ ҳукумати навро муаррифӣ мекунад


Михаил Саакашвилӣ - раиси ҷумҳури Гурҷистон имрӯз ҳайати нави кобинаи вазиронро ба порлумони кишвар муаррифӣ мекунад. Ҳукумати қаблӣ таҳти раёсати Зураб Ногаиделӣ охири ҳафтаи гузашта ба истеъфо рафт. Бо амри раисиҷумҳур Ладо Гургенидзе, раиси шӯрои назоратии Бонки Гурҷистон сарвазири кишвар таъин шуд. Бегаҳи дирӯз Михаил Саакашвилӣ ва Ладо Гургенидзе тайи чанд соат бо ҳам машварат карданд.

Порлумони Гурҷистон бояд давоми як ҳафта мавзӯъи эътимод ба ҳукумат ва барномаи онро баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG