Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ: Эрон дар таъмини амният кумак мерасонад.


Ҳукумати Ироқ изҳор намуд, ки Эрон монеи кумак ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи Ироқӣ шудааст.

Сухангӯи ҳукумати Ироқ Алӣ Ад-Даббоғ мегӯяд: " Эрон монеи ирсоли мардум ва силоҳ барои гурӯҳҳое мебошад, ки мехоҳанд Ироқро ноором кунанд."

Ба қавли номбурда бо кумаки Эрон рӯҳонии шиамазҳаб Муқтадо Ас-Садр ба артиши Маҳдӣ таваққуфи оташро амр додааст.

Ад-Даббоғ мегӯяд, ИМА ва Эрон бояд дар даври навбатии музокироти таъмини назму суботи Ироқ ширкат варзанд. Аз моҳи май ба ин тараф се дафъа сафирони ИМА ва Эрон роҳҳои беҳбуди амнияти Ироқро баррасӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG