Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе роҳҳои наҷоти Аралро меҷӯянд


Раванди иҷроиши барномаҳо ва тарҳҳо дар мавриди ҳалли мушкили баҳри Арал дар Душанбе баррасӣ хоҳанд шуд.

Нишасти навбатии Мудирияти бунёди байналмилалии наҷоти Арал бо иштироки намояндаҳои кишварҳои узви ин бунёд дар шаҳри Душанбе дар таърихи 20 ноябр баргузор хоҳад шуд.

Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва Тоҷикистон – узви Бунёи наҷоти Арал мебошанд. Дар ҳоли ҳозир, раҳбарии ин Бунёд бар дӯши Эмомалӣ Раҳмон – раисҷумҳури Тоҷикистон во гузошта шудааст.

Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон бо нутқе дар нахустин самити обии Осиёву Уқёнусия, ки дар Ҷопон баргузор хоҳад шуд, баромад намояд.

Масоили омодагӣ ба ин саммит низ дар нишасти аралии Душанбе баррасӣ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG