Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Негропонте ба Покистон меравад


Муовини вазири умури хориҷаи Амрико Ҷон Негропонте имрӯз бо ҳадафи дидору мулоқот бо раиси ҷумҳурии Покистон Парвиз Мушарраф бояд вориди Исломобод шавад. Рисолати Негропонте аз он иборат аст, ки Мушаррафро водор ба хатми ҳолати изтирорӣ дар кишвар кунад. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Ҳюман Райтс Вотч дирӯз гуфт, ки ҳукумати Покистон аз вазъияти изтирорӣ барои саркӯби мухолифин истифода мекунад. Сафари Негропонте ба Покистон соатҳо пеш аз озодшавии раҳбари мухолифин Беназир Бҳутто аз ҳабси хонагӣ сурат мегирад. Ҳамчунин дирӯз Мушарраф раиси Сенати кишвар Муҳаммад Сумроро чун иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир дар давраи интихоботи моҳи январи соли оянда унвон кард.

XS
SM
MD
LG