Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон бояд вазъияти изтирориро бекор кунад


Имрӯз дар Гурҷистон қарор аст вазъияти фавқулодда бекор шавад. Раиси ҷумҳурии ин кишвар Михайил Саакашвилӣ ҳафтаи гузашта дар кишвар низоми изтирориро ҷорӣ кард ва бо ин, фаъолияти расонаҳои мустақил ва ташкили раҳпаймоиҳои ҷамъиятиро манъ кард. Тасмими мазкур баъди даргирии шадиди полис бо мухолифини тазоҳургар гирифта шуд. Парлумони Гурҷистон рӯзи 15 ноябр барои рӯзи ҷумъа бекор шудани низоми фавқулодда дар кишвар овоз дод. Дар ин замина қаблан фиристодаи вижаи ИМА ҳам хабар дода буд. Дар Гурҷистон 5 январи соли оянда интихоботи пеш аз вақти президентӣ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG